Тоҷикистон ва Афғонистон ба ҳамкорӣ оид ба рафъи ҳолатҳои фавқулода тавсеа мебахшанд
ДУШАНБЕ, 29.01.2020/АМИТ «Ховар»/. Ду ҳамсоядавлат –Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамкориро оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тавсеа мебахшанд. Далели ин аз ҷониби вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба тасвиб расидани Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода мебошад.
Зикр шуд, ки Созишнома бо мақсади таҳкими муносибатҳои анъанавии дӯстонаи байни ду давлати ҳамҷавор, ҳамкорӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, ки метавонад ба осудаҳолӣ ва амнияти миллии тарафҳо мусоидат намояд, ба имзо расидааст.
Тибқи муқаррароти моддаҳои 7-11-и Созишнома навъҳои кумак ва шартҳои убури сарҳади давлатӣ аз ҷониби гурӯҳҳои кумакрасон, аз ҷумла воридот, содироти таҷҳизот ва маводи таъминотӣ барои расонидани кумак ҳангоми рафъи оқибатҳои ҳолати фавқулода, истифодаи ҳавопаймо ва пардохти хароҷот амалӣ карда мешавад.
Вакилони Маҷлиси намояндагон ҳамзамон Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Душанбе ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд /БАТР/ оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, маблағгузории иловагӣ», Созишномаи қарзӣ байни Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе ва БАТР оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, маблағгузории иловагӣ»-ро ба тасвиб расониданд, ки ҳадафашон барқарор намудани инфрасохтори троллейбус дар шаҳри Душанбе арзёбӣ мегардад.








ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд






