Рустам Шоҳмурод ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Сино-4 пешбарӣ шуд

Январь 7, 2020 11:45

ДУШАНБЕ, 07.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Конференсияи ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе тавассути овоздиҳии пинҳонӣ вакилон номзадии  Рустам  Шоҳмуродро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Сино-4 пешбарӣ намуданд. 

Конференсия бо иштироки муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон А.Азизӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе З. Раҳмонзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе З.Файзуллозода, раиси Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Сино-4  М. Асозода ва вакилони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе доир гардид.

Дар он мутобиқи рўзномаи конференсия масъалаи пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Муовини якуми Раиси ҲХДТ А. Азизӣ  номзадро муаррифӣ намуда, зикр кард, ки маъракаҳои сиёсии дар пешистода ҳамаи моро водор месозанд, ки дар ин рўзҳои бисёр ҳам барои миллат тақдирсоз бо ҳисси баланди ватандорӣ дар онҳо фаъолона иштирок намоем.

ДАР АКС: ҳангоми пешбарии Рустам Шоҳмурод номзад ба вакилии МН МО ҶТ.

Январь 7, 2020 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид