Рустами Эмомалӣ аз ҷараёни корҳои анҷомёфтаи муҷтамаи муҳташами варзишии шаҳри Душанбе дидан кард
ДУШАНБЕ, 29.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз ҷараёни корҳои анҷомёфтаи муҷтамаи муҳташами варзишӣ, воқеъ дар кӯчаи Карамови ноҳияи Синои пойтахт боздид ба амал овард. Дар маҷмааи варзишӣ қисми зиёди корҳо анҷом ёфта, қарор аст, ки соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад. Баъди ба истифода додани маҷмааи мазкур беш аз 600 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд. Корҳои сохтмонии маҷмааи варзишӣ ҳанӯз соли 2012 оғоз ёфта, он таҳти таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни шиносоӣ бо корҳои сохтмонии иншооти мазкур Раиси шаҳр таваҷҷуҳи масъулини дахлдорро ба вусъати корҳои ободонӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани майдонҳои ҳудуди маҷмаа, инчунин сабзазоркуниву ниҳолшинонӣ ҷалб намуд.
Маҷмааи варзишӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе дар майдони 10 гектар дар кӯчаи Карамови ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, дар рӯ ба рӯи Боғи фарҳангу фароғатии ба номи «Умари Хайём», байни нишебӣ ва теппаҳои Лучоб ва дарёи Душанбе бунёд гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки маҷмааи варзишӣ аз қасри теннис барои 3000 ҷойи нишаст ва қасри намудҳои варзиши обӣ барои 2000 ҷойи нишаст бо таваққуфгоҳи зеризаминӣ иборат буда, ҳамчунин дар шафати он 8 майдончаи тенниси кушод, ки ҳар кадом дорои 1000 ҷойи нишаст мебошад, сохта шудааст.
Қасри намудҳои варзиши обӣ, дар масоҳати 21 ҳазору 526 метри мураббаъ бунёд гардида, он аз 3 ошёна иборат аст.
Дар ошёнаи якум 4 ҳавзи шиноварӣ, аз ҷумла ҳавзҳои бо платформаи ҷаҳиш ба об, шиноварӣ, барои машқҳои аква-аэробика ва кӯдакона иборат буда, ҳамаи онҳо мувофиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ бунёд гардидаанд.
Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми иншоот қаҳвахона, толори машқӣ, утоқ барои истироҳати варзишгарон, утоқҳои маъмурият, ҷой барои меҳмонони расмӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст.
Аснои шиносоӣ Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба корҳои то имрӯз сомонёфта дар маҷмааи варзишӣ баҳои баланд дода, ба сохтмончиён ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муайян ба итмом расонидани корҳои боқимонда дастур дод.
Дар шафати Қасри намудҳои варзишӣ обӣ, ҳамчунин ҷиҳати ба солимгардонӣ ва шиноварӣ фаро гирифтани ҷавонону наврасон ҳавзи шиноварии болокушода сохта шудааст, ки барои баргузории мусобиқаҳои шиноварӣ дар фасли тобистон мувофиқ аст.
Иншооти мазкур дар масоҳати умумии 7 ҳазору 737 метри мураббаъ бунёд гардида, дорои 288 ҷойи нишаст мебошад ва барои баргузории 4 намуди варзиши обӣ пешбинӣ гардидааст.
Иншооти мазкур низ мувофиқ ба талаботи муосир бунёд ёфта, аз ҳуҷраҳои ивази либос, ҳуҷра барои доварону мураббиён, 3 утоқ барои духтарон, утоқҳо барои меҳмонони расмӣ, маъмурият, толори акробатика, қаҳвахона ва дигар иншооти зарурӣ иборат аст.
Бояд ёдовар шавем, ки Лоиҳаи маҷмаа бо Федератсияи байналмилалии намудҳои варзиши обӣ мувофиқа гардида, мавриди дастгирии ин ташкилоти ҷаҳонӣ қарор гирифтааст.
Тибқи талаботи банаворгирии бозиҳои варзишӣ дар миёни иншооти ёрирасони маҷмаа маконе бунёд гардидааст, ки аз он ҷо сабтҳои видеоии мусобиқаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ба мавҷи шабакаҳои телевизионҳо пайваст карда шудаанд.
Маҷмааи универсалии варзишӣ яке аз иншооти ҷашнӣ дар пойтахт маҳсуб шуда, дар ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ беҳтарин туҳфа баҳри дӯстдорони варзиш мебошад.











Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






