Рустами Эмомалӣ аз ҷараёни корҳои анҷомёфтаи муҷтамаи муҳташами варзишии шаҳри Душанбе дидан кард

Январь 29, 2020 17:30

ДУШАНБЕ, 29.01.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз ҷараёни корҳои анҷомёфтаи муҷтамаи муҳташами варзишӣ, воқеъ дар кӯчаи Карамови ноҳияи Синои пойтахт боздид ба амал овард. Дар маҷмааи варзишӣ қисми зиёди корҳо анҷом ёфта, қарор аст, ки соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад. Баъди  ба истифода додани   маҷмааи мазкур   беш аз 600 нафар  бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд. Корҳои сохтмонии  маҷмааи варзишӣ ҳанӯз соли 2012 оғоз ёфта, он таҳти таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд, зимни шиносоӣ бо корҳои сохтмонии иншооти мазкур    Раиси шаҳр таваҷҷуҳи масъулини дахлдорро ба вусъати корҳои ободонӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани майдонҳои ҳудуди маҷмаа, инчунин сабзазоркуниву ниҳолшинонӣ ҷалб намуд.

Маҷмааи варзишӣ  аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе дар майдони 10 гектар  дар кӯчаи Карамови ноҳияи  Исмоили Сомонии пойтахт, дар рӯ ба рӯи  Боғи фарҳангу фароғатии ба номи «Умари Хайём», байни нишебӣ ва теппаҳои Лучоб ва дарёи Душанбе бунёд гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки маҷмааи варзишӣ аз қасри теннис барои 3000 ҷойи нишаст ва қасри намудҳои варзиши обӣ барои 2000 ҷойи нишаст бо таваққуфгоҳи зеризаминӣ иборат буда, ҳамчунин дар шафати он 8 майдончаи тенниси кушод, ки ҳар кадом дорои 1000 ҷойи нишаст мебошад, сохта шудааст.

Қасри намудҳои варзиши обӣ, дар масоҳати 21 ҳазору 526 метри мураббаъ бунёд гардида, он аз 3 ошёна иборат аст.

Дар ошёнаи якум 4 ҳавзи шиноварӣ, аз ҷумла ҳавзҳои бо платформаи ҷаҳиш ба об, шиноварӣ, барои машқҳои аква-аэробика ва кӯдакона иборат буда, ҳамаи онҳо мувофиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ бунёд гардидаанд.

Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми иншоот қаҳвахона, толори машқӣ, утоқ барои истироҳати варзишгарон, утоқҳои маъмурият, ҷой барои меҳмонони расмӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст.

Аснои шиносоӣ Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба корҳои то имрӯз сомонёфта дар маҷмааи варзишӣ баҳои баланд дода, ба сохтмончиён ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муайян ба итмом расонидани корҳои боқимонда дастур дод.

Дар шафати Қасри намудҳои варзишӣ обӣ, ҳамчунин ҷиҳати ба солимгардонӣ ва шиноварӣ фаро гирифтани ҷавонону наврасон ҳавзи шиноварии болокушода сохта шудааст, ки барои  баргузории мусобиқаҳои шиноварӣ дар фасли тобистон мувофиқ аст.

Иншооти мазкур дар масоҳати умумии 7 ҳазору 737 метри мураббаъ бунёд гардида, дорои 288 ҷойи нишаст мебошад ва барои баргузории 4 намуди варзиши обӣ пешбинӣ гардидааст.

Иншооти мазкур низ мувофиқ ба талаботи муосир бунёд ёфта, аз ҳуҷраҳои ивази либос, ҳуҷра барои доварону мураббиён, 3 утоқ барои духтарон, утоқҳо барои меҳмонони расмӣ, маъмурият, толори акробатика, қаҳвахона ва дигар иншооти зарурӣ иборат аст.

Бояд ёдовар шавем, ки  Лоиҳаи маҷмаа бо Федератсияи байналмилалии намудҳои варзиши обӣ мувофиқа гардида, мавриди дастгирии ин ташкилоти ҷаҳонӣ қарор гирифтааст.

Тибқи талаботи банаворгирии бозиҳои варзишӣ дар миёни иншооти ёрирасони маҷмаа маконе бунёд гардидааст, ки аз он ҷо сабтҳои видеоии мусобиқаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ба мавҷи шабакаҳои телевизионҳо пайваст карда шудаанд.

Маҷмааи универсалии варзишӣ  яке аз иншооти ҷашнӣ дар пойтахт маҳсуб шуда, дар ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ беҳтарин  туҳфа баҳри дӯстдорони варзиш мебошад.

Январь 29, 2020 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад