Рустами Эмомалӣ бо Андреас Протманн мулоқот намуд

Январь 29, 2020 14:54

ДУШАНБЕ, 29.01.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреас Протманн мулоқот намуд.  Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Ҷумҳурии Федеративии Германия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо сатҳи кунунии ҳамкории мавҷударо ҳамаҷониба таҳлил намуда, самту уфуқҳои нави робитаи  мутақобилан судманд  барои ҳар ду тарафро муайян намуданд. Аз ҷумла, дар атрофи  густариши ҳамкорӣ  дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳанг ва варзиш   мубодилаи судманди афкор сурат гирифт.

Иштирокчиёни вохӯрӣ ба роҳҳои таҳкиму густариши робитаҳои дуҷониба дар чаҳорчӯбаи ҳамкории  бародаршаҳрии байни шаҳрҳои Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ройтлингени Чумҳурии Федеративии Германия  таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Дар доираи татбиқи амалии ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии мамлакат ҷонибҳо ба тавсеаи ҳамкории  гуногунҷанба, бахусус таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ  ҳавасмандӣ  зоҳир намуданд. Зимни музокирот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи назари тарафайн баррасӣ гардиданд. Мулоқот ба таври созанда ва дар фазои ҳусни тафоҳум  сурат гирифт.

Январь 29, 2020 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад