Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар варзишгоҳи калонтарини пойтахт шинос шуд

Январь 29, 2020 16:47

ДУШАНБЕ, 29.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Низомии Ганҷавии ноҳияи Синои пойтахт бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар варзишгоҳ барои 30 ҳазор ҷойи нишаст шинос шуд. Варзишгоҳи мазкур яке  аз калонтарин иншооти бунёдшаванда бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт  маҳсуб мешавад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, масоҳати иншооти азими варзишӣ 9,05 гектарро дар бар гирифта, андозаи майдони футболи он  105х68 метрро ташкил медиҳад.  Фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва барои иҷрои корҳои сохтмонӣ се ширкати ватанӣ — ҶСК «СТС Иншоот», ҶСП «ЗАБ» ва ҶДММ «Замин транс» ҷалб гардидаанд.

Айни замон  аз ҷониби сохтмончиён корҳои кандани пули мошингард, чоҳбун, кӯчонидани қубурҳои обу корезӣ ва фазлаоб, бунёди таҳкурсии тасмашакл дар ҳама блокҳо ва инчунин деворҳои оҳану бетонии таҳхонаҳо пурра ба анҷом расонида шудаанд. Алҳол  кор дар ошёнаи якуми иншоот бо маром идома дорад.

Раиси шаҳр  Рустами Эмомалӣ зимни боздид аз  иншооти мазкур таваҷҷуҳи бинокоронро ба истифодаи масолеҳи баландсифати сохтмонӣ ҷалб намуд.

Мавриди  зикр аст, ки ҷараёни иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур таҳти назорати бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Дар асоси лоиҳа варзишгоҳ нимпӯшида буда, он аз чор минбар, ки дар ду сатҳ ҷой дода шудаанд, иборат мебошад. Мутобиқ ба стандарти байналмилалӣ дар ҳудуди варзишгоҳ бунёди иншооти ёрирасон, аз қабили лифт, зеристгоҳи барқӣ, партовгоҳ, ҳавзи оташхомӯшкунӣ ва таваққуфгоҳ барои 2000 мошин ба инобат гирифта шудааст. Дар иншоот хонаҳои либосивазкунӣ барои варзишгарон, ҳаммом, нуқтаҳои тиббӣ, толори обу тоби бадан, тенниси рӯйи миз, гӯшаҳои шоҳмот ва шашкабозӣ, қаҳвахона ва ғайра мутобиқ ба талаботи муосир ташкил карда мешаванд.

Барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҳуҷраҳои корӣ бо муҳайё намудани ҳама гуна шароит, толори нишастҳои матбуотӣ ва ҳуҷраҳои санитарӣ ташкил карда хоҳанд шуд.

Ба  Рустами Эмомалӣ иттилоъ доданд, ки дар варзишгоҳи замонавӣ низоми даромаду баромади тамошобинон, нигоҳдории бехатарии варзишгоҳу варзишгарон дар вақти баргузории чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ бо истифода аз шабакаҳои муҳандисии камшиддат ба роҳ монда мешавад.

Бо ин мақсад масъулон ширкати маъруфи Ҷумҳурии Қазоқистон «SKYMAX technoloqies»-ро, ки асосан таҷҳизоти муосири ҷаҳонии тамғаи «Philips» — и Нидерландро истифода мебарад, ҷалб намудаанд. Таҷҳизоте, ки барои шабакаҳои камшиддат истифода мешаванд, бо Федератсияи футболи Тоҷикистон мувофиқа карда шудааст.

Раиси шаҳр  сохтмончиёнро муваззаф сохт, ки барои дар муҳлатҳои муайян бо сифати баланд анҷом додани сохтмон корро дар мавсими гармо дар ду баст ба роҳ монда, тибқи нақшаи тарҳрезишуда иншоотро соли 2021 пурра ва бо сифати баланд ба истифода диҳанд.

Январь 29, 2020 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ бо Сафири Чин дар Тоҷикистон Го Ҷитзюн мулоқот намуданд
Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» ҷамъбаст гардид
Таҷлили бошукуҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Рустами Эмомалӣ ва Валентина Матвиенко ба «Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Ю.А. Гагарини шаҳри Душанбе» ташриф оварданд
Шаҳри Душанбе сазовори «Шоҳҷоиза»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ» гардид
Дар шаҳри Душанбе зиёда аз 3 миллион бех лола шинонида мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар Душанбе таъмини 3300 иншоот бо гармӣ дар назар дошта шудааст
Дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиёда аз 214 ҳазор бех дарахтони ороишию сояафкан шинонида мешаванд
Дар шаҳри Душанбе озмуни «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат» баргузор мегардад
ТУ ШАҲРИ ГУЛБАДОМОНӢ, ДУШАНБЕ! Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешавад
Дар Душанбе даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор мегардад
Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Клуби «Волонтёрони экологӣ» таъсис дода шуд