Рустами Эмомалӣ масъулинро баҳри дар сатҳи баланд ташкил намудани даъвати навбатии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ вазифадор кард
ДУШАНБЕ, 07.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои омодагии муташаккилона ҷиҳати баргузор намудани омӯзиши даъвати навбатии баҳории шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2020 тасдиқ гардид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи қарори мазкур масъулин вазифадор гардидаанд, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор иҷрои саривақтии нақшаи мазкурро таъмин намоянд.
Раиси шаҳр ба раисони ноҳияҳои пойтахт, Раёсати тандурустӣ ва Комиссариати ҳарбии шаҳри Душанбе супориш дод, ки омӯзиши шаҳрвандони синни даъватиро ба роҳ монда, шумораи дақиқи даъватшавандагонро муайян кунанд.
Масъулин ҳамчунин супориш гирифтанд, ки ҷиҳати ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намудани даъватшавандагон то 25 марти соли 2020 барои гузаштани муоинаи пешакии тиббии онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Сохтори дахлдор дар якҷоягӣ бо марказҳои табобатию солимгардонӣ муваззаф гардидаанд, ки нисбат ба даъватшавандагоне, ки гирифтори бемориҳои табобатшавандаанд, чораҳои муфиду саривақтӣ роҳандозӣ намуда, табобати онҳоро ба роҳ монанд.
Дар асоси қарори дахлдор масъулин бояд тибқи тартиби муқарраргардида даъвати навбатии шаҳрвандонро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар сатҳи баланд ташкил намуда, барои хариди маводи лозимӣ (либос, маводи гигиенӣ, дафтардорӣ) маблағҳои зарурӣ ҷудо намоянд.
Ҳамчунин Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардид, ки барои сари вақт ва босифат таъмин намудани маъракаи муҳими сиёсӣ- даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ то 30% нақшаи даъватро таъмин кунад.
Бо дархости комиссарони ҳарбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе раисони маҳаллаҳо вазифадор карда мешаванд, ки тибқи китоби бақайдгирии хоҷагидорӣ рӯйхати аниқи ҷавонони синни даъватиро дар муҳлати кӯтоҳтарин барои омӯзиш пешниҳод намоянд.
Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, корхонаҳо, марказҳои савдо ва хизматрасониҳо, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ низ муваззаф гардидаанд, ки баҳри муташаккилона сафарбар намудани ҷавонони синни даъватӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






