Султони Уммон Қобус бин Саид ал-Саид аз олам даргузашт
ДУШАНБЕ, 11.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Агентии давлатии иттилоотии Уммон рӯзи 10 январ дар бораи вафоти Султон Қобус бин Саид ал-Саид дар синни 79-солагӣ иттилоъ дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Султон Қобус бин Саид ал-Саид моҳи августи соли 1970 пас аз падараш ба сари қудрат омада, тӯли 50 сол ҳукмронӣ намуд. Қобус дар кишвараш ислоҳоти васеъро амалӣ намуда, Конститутсияро қабул кард. Ӯ ҳамчунин имомати Уммон ва салтанати Маскатро муттаҳид намуда, бо дастгирии Британияи Кабир ва Эрони шоҳӣ ҳаракати исёнгаронро дар Дофар саркӯб сохт.
Ҳоло дар ин кишвар мотами серӯза эълон гардида, парчамҳои давлатӣ 40 рӯз поин карда мешаванд.
Гуфта мешавад, ки чанд сол пеш табибон гирифтори бемории саратон шудани султонро тасдиқ карда буданд ва сол то сол вазъи саломатии ӯ бад мешуд. Соли гузашта ӯ дар яке аз дармонгоҳҳои Белгия табобат гирифта буд.
Баръакси роҳбарони шоҳигариҳои дигари арабӣ, Қобус ба таври оммавӣ вориси худро эълон накардааст. Акнун ин корро бояд оилаи ҳукмрон анҷом диҳад.
Шӯрои олии низомии Уммон шӯрои оилавии ҳукмронро даъват кард, ки барои интихоби ҳокими нав ҷамъ оянд.
Имрӯз рӯзномаи «Alwatan» дар бораи султони нав интихоб шудани вазири фарҳанг ва мероси миллии Уммон Ҳайсам бин Ториқ ал-Саид хабар дод.