ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 январ, якшанбе, 26-умин рӯзи соли 2020 аст

Январь 26, 2020 08:00

26 январи соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири вақти ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Мисри Араб хонум Фоиза Абуннаҷоро, ки ба ҳайси сарвари қисмати мисрии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ ба шаҳри Душанбе ташриф оварда буд, ба ҳузур пазируфтанд. Дар вохӯрӣ масоили густариши ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд.

***

3 сол пеш, 26 январи соли 2017 дар шаҳри Душанбе  зимни суҳбати телефонӣ  Сарвари  давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нахуствазири вақти Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ҳолати вақт ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба миёни ду давлати дӯстро мавриди баррасӣ қарор дода, атрофи масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

26 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи байналмилалии гумрук.

***

Дар Уганда – Рӯзи озодӣ.

РӮЙДОДҲО:

 26 январи соли 2009 дар пойтахти Беларус — Минск ҷаласаи навбатии Шӯрои намояндагони доимии ваколатдори давлатҳои узви ИДМ дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳодҳои Иттиҳод  баргузор гардид.

***

26 январи соли 2010 дар шаҳри Москва Ташкилоти ҷамъияти минтақавии «Маркази фарҳанги тоҷикон»  дар доираи лоиҳаи Киноклуб «Шоҳкориҳои ҷаҳонии синамогарони миллӣ» шоми эҷодии Ходими хизматнишондодаи санъат, коргардон ва филмноманавис, дотсенти Донишгоҳи давлатии  кинематографияи Россия ба номи С. А Герасимов Валерий Аҳадовро баргузор намуд.

***

9 сол пеш, 26 январи соли 2011 дар шаҳри Талдиқӯрғони  Қазоқистон  оташи Бозиҳои VII зимистонаи Осиё ба маърази ом гузошта шуд.

***

26 январи соли 2012 бори аввал дар Тоҷикистон кӯдакону наврасон дар истироҳатгоҳи «20-солагии Истиқлолият», воқеъ дар деҳаи хушманзараи Деҳмойи ноҳияи Ҷ.Расулов ба фароғату истироҳати зимистона фаро гирифта шуданд.

***

26 январи соли 2017 дар шаҳри Ашқобод ҷаласаи VII муштараки Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба масъалаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ баргузор гардид.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

Соли 1788 шаҳри Сидней – аввалин шаҳри аврупоӣ дар Австралия таъсис дода шуд.

***

Соли 1905 дар Африқои Ҷанубӣ калонтарин алмос дар ҷаҳон пайдо карда шуд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Январь 26, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст