ВАЗЪ ДАР ШАРҚИ НАЗДИК: пойгоҳи Амрико дар Ироқ мавриди ҳамла қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 08.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Пойгоҳи низомии Амрико Айн-ал-Асад дар ғарби Ироқ мавриди ҳамла қарор гирифт. Бинобар иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба «РИА Новости», дар ин бора Sky News хабар медиҳад.
Баъдан як мансабдори амрикоӣ ҳамларо тасдиқ кард, хабар медиҳад Reuters.
Ба иттилои ӯ, дар бораи қурбониён ё хисороте, ки дар натиҷаи ин ҳамла рух додааст, ҳоло маълумот нест.
Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, дар навбати худ гуфт, ки онҳо ба пойгоҳи ҳавоии ИМА дар Ироқ зарбаи мушакӣ задаанд, хабар медиҳад шабакаи телевизиони Press TV.
Дарҳол пас аз Соли нав Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар натиҷаи ҳамлаи мушакӣ ба фурудгоҳи Бағдод сардори қувваҳои махсуси «Қудс»-и Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, генерал Қосим Сулаймониро куштанд.
Пас аз ин куштор котиби Шӯрои олии амнияти Эрон Алӣ Шамхонӣ гуфт, ки ин кишвар 13 нақшаи интиқоми ИМА – ро дорад, вале Доналд Трамп ваъда додааст, ки дар сурати ҳамла ба амрикоиҳо ба 52 ҳадаф дар Эрон » зарбаи зуд ва сахт » хоҳад зад.
АКС: AP 201








Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд






