Дилноза Аҳмадзода, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш: «Паёми Пешвои миллат дастури амаливу роҳнамои ҷавонон аст»

Февраль 28, 2020 14:45

ДУШАНБЕ, 28.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як падидаи нави сиёсии замони истиқлол буда, санади сарнавиштсоз, раҳнамо ва қутбнамои инкишофи ҷомеа мебошад, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, нақшаву барномаҳои рушди устувори минбаъдаи онро дар тамоми самту соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакатро фаро мегирад ва  вазифа, мақсаду маром, роҳу воситаҳои тактикиро барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ муайян ва мушаххас менамоянд», — навиштааст муовини Раиси Кумитаит кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза АҲМАДЗОДА.

Дар зер матни пурраи нигориш, ки аз ҷониби муаллиф  ба АМИТ «Ховар» пешниҳод шудааст, манзури хонандагон карда мешавад.

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бахтномаи миллат, саодатномаи халқ, раҳнамои зиндагӣ ва дастури фаъолияти ҳар як сокини мамлакат мебошад. Паёми ҳамасолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва мардуми шарифи Тоҷикистонро ҳама аз хурд то бузург бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ интизор мешавем. Зеро Паём саодатномаи миллат, меҳвари пешбарандаи ҷомеа, раҳнамои фаъолияту зиндагӣ буда, дар заминаи ғояҳои баландпояи пурмазмун асос ёфта, ҷомеаро ба фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъвату ҳидоят менамояд.

Дилноза Аҳмадзода, муовини Раиси
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш

Дар Паём самтҳои асосии фаъолияти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, ҳалли саривақтии масъалаҳои вобаста ба нишондиҳандаҳои дурнамои солҳои сипаригардида ва таъкиди афзалиятҳо барои давраи миёнамуҳлат дар оғози сол пешниҳод мегарданд.

Имрӯз ҳар як шахси ватандору ватандӯст зери таассуроти нуқтаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Дар Паёми ҳамасола тамоми самтҳои дохиливу хориҷии  фаъолияти давлат мавриди таҳлилу таҳрезӣ, омӯзишу баррасӣ ҷиҳати беҳтару хубтар ва рушд додану вусъат бахшидани самтҳои фаъолияти давлатӣ қарор дода мешаванд.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххасро ба миён мегузоранд.

Нахустин Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли  2000 ироа гардида, Паёми навбатӣ 26-уми декабри  соли 2019  ироа гардид, ки Паёми бисту якум ба ҳисоб меравад.

Истилоҳи Паём хеле сермаъно ва гуногунҷанба буда, дар забони тоҷикӣ ба маънои пайғом, хабар, салом, дуруд, таҳният ва ғайраро ифода менамояд. Дар ҳаёти сиёсии муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон он падидаи нави муҳим ва тақдирсоз буда, ба худ нақшу рисолати дастури сиёсӣ, ҳидоят, барнома, тарҳу нақшаи фаъолияти мамлакатро гирифта, роҳнамо, қутбнамо, дурнамо ва санади сарнавиштсози рисолати созанда ва бунёдкорона мебошад.

Бояд тазаккур кард, ки дар ҳаёти сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки 5 кишвари ба тозагӣ таъсисёфтаи собиқ аъзои Иттиҳоди Шӯравиро дарбар мегирад, ироаи Паём аз ҷониби Сарвари давлат анъанавӣ буда, дар аксари онҳо ҳар сол сурат мегирад.

Барои тамоми мардуми кишвари азизи мо Тоҷикистони мустақил ва муосир ҳар як Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун падидаи интизорӣ ва муҳими сиёсиву давлатӣ буда, онҳо чун як сарчашмаи илҳом ва корномаҳои минбаъда пазируфта мешавад. Дар мавриди паёмҳои Сарвари давлати муосири тоҷикон ба Парлумони кишвар бояд гуфт, ки он анъанаи хеле хуби сиёсие мебошад, ки дар як қатор давлатҳои ҷаҳон ҳамчун маъракаи падидаи хеле муҳими сиёсиву давлатӣ маҳсуб меёбад. Паёми Сарвари давлат ба Парлумон ҳамчун усули муҳими таърихии робита, ҳамкорӣ ва таъсири мутақобилаи шохаҳои давлатсози ҳокимияти сиёсӣ-қонунгузор, иҷроия ва судӣ мебошад. Ин Паёмро на танҳо узви мақомоти олии қонунгузори мамлакат-Парлумон, балки намояндагони тамоми шохаҳои ҳокимият ва сохторҳои идоракунӣ ва тамоми аҳли ҷомеа, кулли шаҳрвандони кишвар таваҷҷуҳ намуда, суханронии роҳбари давлатро чун барнома, ҳидоятнома қабул карда маълумот, далелу рақамҳои нав, иттилооти муҳим ва пеш аз ҳама таҳлили серҷонибаи рушду нумӯи кишвар, инчунин таҳлили камбудиву норасоиҳои фаъолияти давлат ва ҷомеаро мавриди истифода қарор медиҳанд.

Анъанаи ироа ва пешниҳоди Паём аз ҷониби Сарвари давлат, шахси аввали сиёсии мамлакат бештар дар таҷрибаи кишварҳои низоми демократӣ дошта, давлатҳои демократии классикӣ-шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ, парлумонӣ ва монархияи конститутсионӣ (ҳуқуқи монарх, ҳокими мутлақ бо конститутсия маҳдуд карда мешавад) роиҷ аст.Таҳлили ин намуди муоширати сиёсӣ нишон медиҳад, ки он таърихи тӯлонӣ дошта, дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мавриди истифода қарор доштааст. Ҳамин тавр, агар дар Англияи асрҳои ХШ дар ҷаласаи Парлумон «нутқи тахтии» шоҳ садо диҳад,  аз аввали ташкилшавии ИМА он дар шакли суханронии Президенти он (1790) дар назди сенаторони Конгресс, дар Иттиҳоди Шӯравӣ дар шакли Паёми Котиби генералии ҳизб ба Шӯрои Олии Иттиҳод, баъди пошхӯрии он ва таъсиси кишварҳои алоҳидаи мустақили пасошӯравӣ дар Паёми сарварони ин кишварҳо ба вакилон татбиқ мегардад. Дар ин муҳит, аксарияти кулли сарварони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил- Президенти Федератсияи Россия аз соли 1994,  Президентони Украина, Белорусия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Гурҷистон, Арманистон,  Озарбойҷон ва ғайра маъмул мебошанд.

Ироаи Паёми Сарвари давлати тоҷикон аз Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, мутобиқи боби чаҳоруми он, ки «Президент» ном дорад ва моддаи 6-ми он, ки салоҳияти Президентро муайян менамояд ва банди аввали он Президентро дар муайян кардани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар муваззаф менамояд, Мутобиқи моддаи 70 бошад, Президент дар доираи салоҳияти худ  фармон мебарорад ва амр медиҳад, дар бораи вазъи кишвар ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон маълумот медиҳад ва масъалаҳоеро, ки зарур мешуморад, дар муҳокимаи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд.

Ҳамин тавр, Паёми Президенти мамлакат ба Парлумон пояи қонунӣ ва ҳуқуқӣ дошта, он аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд ва аз вазифа, ҳуқуқ, салоҳиятҳои конститутсионии сарвари давлат тибқи қонуни асосии мамлакат сарчашма мегирад.

Ҳар як Паёми алоҳида тибқи вазифа, мақсаду маром ва хусусиятҳои хоси худ марбут ба марҳилаи муайяни инкишофи мамлакат буда, дар он ҳадафҳои асосӣ ва барномаҳои мушаххасгардидаи ояндаи наздик, миёнамуҳлат, инчунин перспективаи рушди устувору бонизоми давлату ҷомеаи алоҳида, ба таври таҳлилӣ, возеҳу равшан, дар появу заминаҳои асосноки илмӣ ҷой дода мешаванд. Дар Паёмҳо ҷамъбасти ин барномаҳо ва натиҷаҳои бадастомада қайд гардида, баҳодиҳии айниву зеҳнии татбиқи нақшаҳои пешин, бо муайян кардани самтҳои афзалиятноки рушд ифода мегарданд.

Дар Паёмҳои Сарвари давлати тоҷикон мавзӯъҳои муҳиме мақоми  таъкидӣ доранд, ки ҳар дафъа онҳо бо баррасии нав, афкори тоза, мазмуни мантиқии ҷавҳарӣ ҷило дода, таъкидгари ҷанбаҳои муҳими истиқлол ва ҳувияти миллат мебошанд. Аз ҷумлаи чунин мазмунҳо таъкиди асос ва сарчашмаҳои истиқлолият, ҳувияти миллӣ, манфиати миллӣ, арзишҳои муҳимтарини миллӣ мебошанд,ки масъалаи таваҷҷӯҳи махсуси давлат ва Ҳуқумати кишвар нисбат ба ҷавонон маҳсуб меёбад. Дар ҳамаи Паёмҳо ҷавонон идомадиҳандаи роҳи падарон, насле ном гирифта мешаванд, ки ояндаи кишвару миллат ба дасти онҳо супорида мешавад. Рисолати мазкур ҳамчун масъалае матраҳ мегардад, ки аҳамияти дутарафа дорад. Аз як ҷониб масъулияти насли имрӯза, ки сохтмони давлати мустақилро ба уҳда доранд ва аз тарафи дигар- масъулияти насли оянда, ки меросбари он ба ҳисоб меравад.

Таърихи тамаддуни башар нишон медиҳад, ки рушду нумуи кишвару давлатҳо дар ҳамаи ҷанбаҳояш- сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ дар як вақт  ба вуҷуд омада, ҳадди ақал дар давоми 4-5 соли андешаронӣ оид ба тадбирҳои мақсаднок, интихоби роҳу равишҳои ноил гардидан ба ҳадафҳо, фаъолияти муттаҳиди мақсаднок, ҳадафрас ва пайгирона оғоз мегардад. Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳам тибқи ҳамин қонунсолорӣ рушд карда, баъди нобасомониҳои солҳои навадум, аз солҳои 1994 ба татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ шуруъ кард ва ба таври умум соли 1997 ба суботи сиёсӣ ва иқтисодӣ расид. Минбаъд кишвари тоҷикон устуворона ва пайгирона дар роҳи рушд қадам зада, имрӯз дар байни кишварҳои ҷаҳон ҳамчун мамлакати ба таври динамикӣ инкишофёбанда муаррифӣ гардида, бо дастовардҳои назарраси худ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар арсаи байналмилалӣ ҷою мақоми хосаи шинохтаеро соҳиб гардидааст.

Маҳз дар Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаҳои таърихии рушди кишвар таъкид мегардад, ки аз ҷумлаи онҳо ба имзо расидани ҳуҷҷати сарнавиштсози Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ-  27- уми июни соли 1997, расидан ба Ваҳдати миллӣ, таъмину таҳкими сулҳу субот ва амнияту оромӣ дар ҷомеа, инчунин масъалаҳои калидии сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ мебошанд. Дар онҳо самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷӣ, вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои ҷаҳон муайян ва мушаххас мегарданд. Агар ба таври мушаххас ба масоили дар Паёмҳо матраҳшаванда назар намоем, онҳоро метавон ба таври зайл номбар кард:

  • Масъалаҳои иқтисодӣ;
  • Иҷтимоӣ;
  • Маориф;
  • Илму фарҳанг;
  • Таълиму тарбия;
  • Тандурустӣ;
  • Варзиш;
  • Масъалаҳои оила, занон, ҷавонон;
  • Беҳтар кардани сатҳи зиндагӣ ва некӯаҳволии мардум;
  • Таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат, амният ва субот дар ҷомеа;
  • Мубориза алайҳи қонуншиканӣ, терроризм, экстремизм;
  • Пешгирӣ аз паҳншавии фарҳанг ва ғояҳои бегона ва дигар зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа ва ҳоказо.

Ҳамин тавр, Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистондорои мазмун ва муҳтавои хеле пурарзиш, ҳадафрас ва ифодагари вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангии мамлакат, дурнамо ва паёмадҳои хушоянди фардои миллат, орзуву омоли халқи тоҷик дар роҳи бунёди Тоҷикистони ободу озод ва шукуфону мутараққӣ мебошад.

Вақте бевосита ба таваҷҷуҳи сарвари сиёсии давлат нисбати масъалаи ҷавонон назар мекунем, возеҳу равшан мешавад, ки дар ҳамаи Паёмҳо нисбат ба ин масъала диққати махсус дода мешавад. Дар Паёми соли 2000 дар мавриди ҷавоншавии ҳайати Парламент истода гузашта Ҷаноби Олӣ изҳор доштанд: «Дар айни ҳол ҳузури ҷавононро дар кори Парламент хотирнишон кардан бамаврид аст. Зеро ҷавонон вориси ояндаи роҳу равиши ҷомеаи демократӣ ва мақомоти олии қонунгузори мамлакат мебошанд». Масъалаи табодули наслҳоро дар ҳама соҳаҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ ҳамчун яке аз шароитҳои ҳалкунандаи таъмини ояндаи миллат баррасӣ намуда, сарвари сиёсии кишвар аз ин давра минбаъд доимо нисбати масъалаи иштироки амалӣ ва фаъолонаи ҷавонон дар арсаи сиёсӣ, байналмилалӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиро яке аз масоили муҳими умури давлатдории давраи истиқлолият қарор медиҳад.

Дар мавриди умури хориҷии кишвар Сарвари давлат таъкид менамоянд, ки сулҳу ризояти миллии кишвар бо дастгирӣ ва миёнаравии ҷомеаи ҷаҳонӣ ғайриимкон буд. Дар ин самт бояд пеш кумак ва дастгириҳои бесобиқаи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо ва намоядагону нозирони онҳоро махсус таъкид намуданд, ки аз аввалин рӯзҳои таъсиси кишвари мустақили тоҷикон бо мо ҳамкорӣ карданд. Нақши ҷомеаи ҷаҳонӣ дар истиқрори сулҳу оштии миллӣ, ба раванди созандаи иҷтимоӣ-иқтисодӣ гузаштани кишвар ба андозаи зиёд аз ҳамин ҳамкорӣ, ки сароғози муносибатҳои байналмилалии кишвари ҷавон буданд, хеле барҷаста аст. Эътирофи  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи СММ барои истиқрор ва бо боварӣ нисбати қудрату тавони худ, дар фаъолиятҳои бисёрҷонибаи сохтмони ватан ва ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва мустақил иқдом кардани он хеле муҳим буд. Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар дар соли 2000 омадааст: «Дар баробари саъю кӯшиши СММ ба раванди истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон 8 кишвари дӯст иштирок ва мусоидат намуданд, ки як иддаи онҳо, масалан Россия, аз оғоз ва кишварҳои кафили сулҳи тоҷикон Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Эрон, Покистон ва Афғонистон дар ин раванд саҳми арзандаи худро гузоштанд». Дар Паёми соли 2000 инчунин таъкид меравад, ки дар баробари ҳайати нозирони СММ ҳиссаи Комиссари Олии он оид ба гурезагон ва Фонди байналмилалии кӯдакон дар истиқрори сулҳу оштии миллӣ, ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар мамлакат, расонидани  кумаки башардӯстона, бозгашти гурезаҳо ба Ватан ва таъмини онҳо бо хонаю ҷой сазовори қадрдонист. Дар паёми мазкур инчунин нақши Барномаи тараққиёти СММ дар рафъи низоъ ва амалӣ гардонидани барномаҳои инкишофи иқтисодиву иҷтимоии кишвар арзанда дониста шуда, ҳамкориҳои гуногунмазмуни Ҳукумати Тоҷикистон бо созмонҳои миёнарав ва пеш аз ҳама бо СММ, ҳайати нозирони  он ҷиҳати ҳарчӣ зудтар ноил гардидан ба сулҳу омодагӣ ва ризоияти миллӣ таҷрибаи муҳими истиқрори сулҳ дар минтақаи даргир арзёбӣ гардид. Сарвари давлат пеш аз ҳама ба ҷавонон муроҷиат карда, зарурати омӯзиш, таблиғ ва вусъат додани таҷрибаи мазкурро таъкид намуданд.

Вижагиҳои сохтордиҳии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дода,   Президенти кишвар чанд ҷанбаро махсус таъкид карданд. Яке аз таъкидҳои асосӣ он буд, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибихтиёр дар солҳои охир умуман самаранок буда, он бештар барои устувор намудани раванди оштии миллӣ, инкишоф додани муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягӣ, гузоштани асосҳои ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ нигаронида шуда буд.

Масъалаи муҳими дигаре, ки дар Паём таъкид ва шарҳи муфассали худро ёфтааст, масъалаҳои иқтисодӣ буда,  дар он оид ба  сатҳу сифати иҷрои Барномаи панҷсолаи ислоҳоти иқтисодӣ ва татбиқи давра ба давраи он сухан рафт. Дар ин маврид таъкид гардид, ки  татбиқи Барномаи мазкур барои муътадилгардонии макроиқтисодӣ, беҳбуди идорашавии иқтисоди кишвар, дигаргунсозиҳои сохторӣ, аз ҷумла ислоҳоти кишоварзӣ, суръатбахшии хусусигардонӣ, таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аҳамияти аввалиндараҷа ва барҷаста дорад.

Яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат ва ҷомеаи кишвар ба роҳ мондани саноат муайян гардид. Сарвари кишвар ёдрас гардиданд, ки таҷрибаи кишварҳои пешқадами ҷаҳон рукну фишанги асосии рушд будани саноатро собит месозад. Дар шароити Тоҷикистон бе мавҷудияти саноати пешрафта таъмин намудани сатҳи баланди зиндагонии мардум, истиқлолият ва бехатарии иқтисодӣ, ҳалли муваффақиятноки масъалаҳои иҷтимоӣ аз имкон берун аст. Инкишофи саноати дорои технологияи пешқадам на танҳо ба некуаҳволии моддии мардум, балки  барои болоравии маънавиёт ва рушди зеҳнии ҷавонон мусоидат менамояд. Дар робита ба ин, аҳамияти таҳсили ҷавонон дар макотиби олӣ ва махсуси соҳаҳои саноатии дохил ва хориҷи кишвар, аз ҷиҳати мутахассисони миллӣ таъмин кардани соҳаи саноат, фароҳам овардани шароити рушди соҳибкории саноатӣ ва иштироки сармояи дохилӣ дар ин раванд хеле муассир дониста шуд. Татбиқи чораҳои мазкурро ҳангоми муайян намудани мақом ва манзалати соҳаи саноат дар иқтисодиёти мамлакат, муқаррар намудани дурнамои тараққиёти он мо бояд маҳз аз ҳамин мавқеъ назар кунем ва баҳо диҳем. Дар Тоҷикистон бо барқарории сулҳ раванди бебозгашти он имкон дод, ки чорабиниҳои ба демократикунонии ҷомеа равона гардида, дар ҳаёти сиёсии кишвар идома ёбанд.

Дар Паёми соли 2000 гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давраи ҷустуҷӯ ва омӯзиши имкониятҳои  амалӣ кардани натиҷаҳо дар соҳаи сиёсати хориҷӣ эълом дошта шуда, дар марҳилаи нави давлатдорӣ қарор доштани Тоҷикистон, гузошта шудани заминаҳои устувор барои рушди муносибатҳои гуногунҷабҳаи байналмилалӣ бо кишварҳои ҷаҳон, имконияти иштирок ва тақвият додани равандҳои ҳамгироӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар ташкилоту иттиҳодияҳои байналмилалӣ, кишварҳои Осиё ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, кишварҳои ҳамсояро пайдо кардааст.

Дар ин маврид ба масъалаи тарбия ва омода кардани кадрҳои миллии баландихтисос махсус таваҷҷуҳ карда шуда, мушаххасан таъкид гардид, ки он вазифаи бағоят муҳим мебошад. Тайёр намудани  кадрҳо дар шароити иқтисоди бозорӣ камбудии кишварро ба кадрҳои болаёқат, ки дар асоси муносибатҳои бозорӣ кор карда метавонанд, бояд ба кори реструктуризатсия ва эҳёи саноат, баланд бардоштани мақоми он дар ҳаёти ҷомеа самаранок хоҳад буд. Дар ин самт бояд бештар ба мутахассисоне такя намуд, ки пойбанди тафаккури кӯҳнаи қолабӣ нестанд ва мувофиқи шароити нави имрӯза фаъолият карда метавонанд. Ниёзмандии кишвар ба мутахассисони соҳаҳои гуногун-саноат, нафту газ, бонку молия, алоқа, авиатсия, туннелсозӣ, техникаи электронӣ ва ғайра хеле зиёд буда, кадрҳои тарбиятёфтаи нав бояд мувофиқи талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ ва иқтисоди бозорӣ фаъолият намуда тавонанд. Сарвари давлат дар ин робита таъкид карданд, ки «солҳои истиқлолият як чизро пурра собит намуд, ки кадрҳои миллӣ аз ӯҳдаи ҳама гуна вазифаи масъулиятнок мебароянд ва ба нафъи халқу Ватан софдилона хизмат карда метавонанд».

Соли 2000 масъалаҳои вобаста ба соҳаи иҷтимоӣ ва муносибатҳои байналмилалии сиёсати ҷавонон дар ҳоли сохтмонёбӣ қарор доштанд ва ин хусусият дар Паёми соли 2000 нақш ёфтааст. Ба масъалаи шуғли аҳолӣ таваҷҷуҳ карда  сарвари давлат ба яке аз масоили мубрами муносибатҳои байналмилалии ҷавонон будани он ишора намуданд. Дар он гуфта мешавад, ки яке аз масъалаҳои муҳимми иҷтимоӣ масъалаи шуғли аҳолӣ ва беҳтар кардани сифати бозори дохилии меҳнат мебошад.

Хулоса Сарвари давлат, Пешвои миллат барои ҳалли мушкилоти  асосии кишвар дар сохтмони давлати мустақил ва соҳибистиқлол самтҳои асосии онро муайян намуданд, ки аз ҳалли масъалаи баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва ба роҳ андохтани энергетикаи худ ба ҳисоб меравад. Масъалаҳои мазкур бо даъвати бевоситаи Пешвои миллат бевосита бо иштироки фаъолонаи ҷавонон вобаста буда ҳал гардида истодаанд. Бинобар ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон имрӯз онро дар арсаи ҷаҳон ҳамчун ташаббускори ҳалли байналмилалии масъалаҳои об ва бунёдгузори самти нави дипломатияи ҷаҳонӣ -«дипломатияи об» мешиносанд. Ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҷавонон, ки бо ба рӯзномаи ташкилотҳои гуногуни байналмилалӣ ворид намудани  номгӯи зиёди  проблемаҳои глобалии марбут ба ҳаёт, идомаи насли инсон, таъмини аҳолии замин бо об ва ғизо, таъмини дастрасӣ ба захираҳои асосӣ ва дигар  масъалаҳои ҳаётан муҳимро дар назар дорад, дар асоси роҳнамоиву ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқ мегарданд.

Дар баробари дигар самтҳои афзалиятнок масъалаи ҷавонон ва татбиқи дурусту самараноки сиёсати давлатии ҷавонон яке аз масъалаҳои меҳварии Паёми ҳамасола ба Маҷлиси Олии кишвар мебошад.

Масъалаи аз ҳама муҳимин баланд бардоштани маънавиёти ҷавонон мебошад, ки ин маҷмӯи амалҳо ва тадбирҳои давлатию ҷамъиятӣ дар самти тарбияи (талқини) ҷавонон дар рӯҳияи фарҳангдӯстӣ, инсондӯстӣ, шинохти арзишҳои таърихӣ ва фарҳанги миллӣ, дарки асосҳои ахлоқӣ ва эътиқодии (динии) хеш ва дурӣ ҷустан аз хурофотгароӣ ва бегонапарварӣ мебошад.

Бо баланд гардидани маънавиёти ҷавонон пеши роҳи падидаҳои номатлуб, вуруди таҳдидҳои замони муосир, вайроншавии оилаҳои ҷавон, таҳқиру гаппартоиҳои бемаънӣ, дағалгуфториву дағалрафтори дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гирифта шуда, одобу ахлоқи намунавӣ ва баланди инсонӣ дар шахсияти ҳар як ҷавон ташаккул меёбад.

Зеро, тарбия намудани насли худшиносу худогоҳ, донишманду созанда, соҳибмаълумоту соҳибкасб ва бо ин роҳбаву ҷудовардани заминаи боэътимод барои ҷомеаи ояндаи Тоҷикистон дурнамои фаъолияти модар ин мебошад.

                   Дилноза АҲМАДЗОДА,
муовини Раиси Кумитаи кор
бо ҷавонон ва варзиши назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 28, 2020 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?
ЗАНГӮЛАИ ҲУШДОР ВА Ё ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
КАСБОМӮЗИИ ҶАВОНОН — ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд