Георгина Бейкер: «Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ шарики боэътимод ва дарозмуддати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад»

Февраль 20, 2020 13:00

ДУШАНБЕ, 20.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз мулоқоти дақиқ ва пурмӯҳтаво бо Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, ки зимни он масъалаҳои афзоиши ҳиссаи бахши хусусӣ дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ баррасӣ шуданд»,- таъкид намуд ноиби Президенти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (КБМ) оид ба кишварҳои Амрикои Лотинӣ, Аврупо ва Осиёи Марказӣ Георгина Бейкер имрӯз дар Душанбе пас аз мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ба гуфти Георгина Бейкер, дар мулоқот инчунин рушди соҳаи кишоварзӣ, деҳот ва рақамисозии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

«Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ шарики боэътимод ва дарозмуддати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мақсади сафари ман ба роҳ мондан ва тақвият бахшидани ҳамкорӣ миёни Корпоратсия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад»,- гуфт Георгина Бейкер.

Акс аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Февраль 20, 2020 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд