«ИН ҶАҲОНРО НИГАР БА ЧАШМИ ХИРАД…». Сафири Амрико сокинони Тоҷикистонро бо Рӯзи байналмилалии забони модарӣ бо қироати як дубайтии Рӯдакӣ шодбош гуфт

Февраль 22, 2020 09:02

ДУШАНБЕ, 22.02.2020/АМИТ «Ховар»/. Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Ҷон  Поммершайм  21 феврал сокинони Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи байналмилалии забони модарӣ бо қироати як дубайтӣ аз Абдуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар пояи  муҷассамаи Одамушшуаро  табрик гуфт ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ сазовори ситоиши даҳҳо нафар хонандагон гардид.

Сафорати ИМА  дар саҳифаи худ  шабакаи Facebook чунин нигоштааст:

«Дӯстон, Рӯзи байналмилалии забони модарӣ муборак!

Созмони Миллали Муттаҳид 21 февралро Рӯзи забони модарӣ эълон кардааст.

Ба муносибати ин руз, барои шумо дубайти аз устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, сардафтари адабиёт форсу тоҷикро дар қироати Сафир Поммершайм тақдим менамоем. Кадоме аз эҷодиёти устод Рудакӣ ба шумо писанд аст? Ба мо дар зер нависед».

***

Happy International Mother Language Day! International Mother Language Day has been observed every year since February 2000 to promote linguistic and cultural diversity and multilingualism. Check out this video of Ambassador Pommersheim reciting a Tajik poem by Abuabdullohi Rudaki, founder of classical Persian and Tajik literature. What are some of your favorite poems by Rudaki?

Ва сипас навори видеоие гузошта шудааст, ки дар он сафири муҳтарам Ҷон  Поммершайм бо лаҳни тоҷикӣ ин мисраҳои устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро қироат менамояд:

Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад,

На бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.

Ҳамчун дарёст в-аз накӯкорӣ

Киштие соз, то бад-он гузарӣ.

Зери чунин табрикот ва нияти неки сафири ИМА садҳо нафар лайк мондаанд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷон Марк Поммершайм  моҳи  январи  соли 2019  ба вазифаи  Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  дар Тоҷикистон  таъйин гардид ва моҳи марти ҳамон ба иҷрои вазифа шуруъ кард. Ва дар зарфи камтар аз як сол забони тоҷикиро омӯхт ва алакай чандин бор ба тоҷикӣ суханронӣ кардааст. Ва шояд дар ду моҳи қабл аз омаданаш омӯхта буд? Вале ин муҳим нест, муҳим он аст, ки сафири қудратмандтарин кишвари олам ба забони давлатӣ ва арзишҳои миллии мо арҷ мегузорад!

Февраль 22, 2020 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Женева афзалият дар самти рушди устувори шаҳрҳо дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Шри-Ланка мулоқот намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд