ИНТИХОБОТ-2020: Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ 36 нафар мушоҳидони байналмилалиро ба қайд гирифт
ДУШАНБЕ, 05.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон /КМИР/ ҷиҳати таъмини шаффофият ва мушоҳидаи ошкорои баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз 36 нафар мушоҳидони байналмилалиро ба қайд гирифта, ба онҳо шаҳодатномаи мушоҳиди байналмилалӣ супоридааст.
Дар ин бора аз КМИР ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ба маълумоти манбаъ, ин мушоҳидони байналмилалӣ аз Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ҷумҳурии Беларус ва корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон мебошанд.
Имрӯз низ зимни ҷаласаи навбатии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон /КМИР/ қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар бораи аккредитатсияи миссияи мушоҳидони байналмилалӣ аз Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҳайати 8 нафар ва аз Ҷумҳурии Беларус дар ҳайати 2 нафар мушоҳиди байналмилалӣ қабул гардид.
Аккредитатсияи дигар мушоҳидони байналмилалӣ идома дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор созмонҳои байналмилалӣ барои иштироки мушоҳидон даъватнома фиристода буд.
Дар назар аст, ки ҷараёни баргузории ин маъракаи сиёсиро мушоҳидони байналмилалӣ, аз ҷумла аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон мушоҳида кунанд.








Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон






