ИНТИХОБОТ — 2020: нозирони ИДМ аз якчанд участкаҳои интихоботии Тоҷикистон дидан намуданд

Февраль 13, 2020 11:22

 ДУШАНБЕ, 13.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати нозирон аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мушоҳидаро аз рӯи интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давом дода истодаанд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба ситоди ҳайати мушоҳидони ИДМ хабар медиҳад.

Муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Агибай Смагулов ва нозирон аз ҳайати  ИДМ бо раванди омодагиҳо дар  комиссияи интихоботии минтақаҳои Ваҳдат ва Файзобод шинос шуданд.

Роҳбари комиссияи интихоботӣ дар бораи корҳои анҷомёфта оид ба омодагиҳо ба интихоботи дарпешистода иттилоъ дода, омӯзиши аъзои комиссияи интихоботӣ ва раванди корҳои таблиғотиро муфассал шарҳ дод. Зикр гардид, ки ба номзадон ба вакилӣ барои пешбурди корҳои таблиқотӣ ҳамаи имкониятҳои қонунӣ фароҳам оварда шудаанд.

Ба нозирон иттилоъ дода шуд, ки то ҳол дар хусуси поймолкунии конунгузории интихоботӣ ба комиссия ягон ариза ё шикоят ворид нагардидааст.

Бо ташриф овардан ба участкаҳои интихоботӣ аъзои ҳайат ба хулосае омаданд, ки ҳамаи ҷойҳои муқарраргардида бо санадҳои қонунгузорӣ, тавсияномаҳои методии зарурӣ, дастурамалҳо, маводи иттилоотӣ ва таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошанд.

Ҳайати мушоҳидон аз ИДМ назоратро аз рӯи раванди омодагӣ ва баргузории интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон идома дода, дар оянда оид ба натиҷаи он маълумоти иловагӣ пешниҳод мекунад.

Февраль 13, 2020 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид