«ИНТИХОБОТ ВА ЗАНОН». Номзадии 33 нафар бонувони фаъол ба вакилии маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи шаҳри Роғун пешбарӣ гардид

Февраль 20, 2020 16:59

РОҒУН, 20.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Номзадии 33 нафар занони фаъол ба вакилии маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи шаҳри Роғун пешбарӣ гардид. Дар ин бора дар ҳамоише, ки таҳти унвони «Интихобот ва занон» бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Роғун доир гардид, иттилоъ дода шуд. Дар ҳамоиши мазкур зиёда аз 30 нафар фаъолзанони шаҳри Роғун иштирок намуданд. Мақсади  ҳамоиш аз баланд бардоштани рӯҳияи худогоҳию хештаншиносӣ, маърифати ҳуқуқӣ, ширкати фаъолона ва саҳмгузории бонувон дар раванди маъракаи муҳими сиёсӣ — интихобот иборат буд.

Дар ҳамоиш  бонувони фаъоли аъзои Шӯрои занони шаҳр оид ба  муҳтавои  маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, нақши занон дар гузаронидани интихобот ва иштироки фаъолонаи онҳо, ташкили комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкаҳои интихоботӣ, иштироки нозирон оид ба натиҷаи интихобот ва ғайра ибрози андеша намуданд.

Мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳри Роғун Муқаддас Рамазонова изҳор дошт, ки  “ташкили ҳамоиши имрӯза дар арафаи интихоботи вакилон нишонаи фаъолияти хуби занон ва иштироки бевоситаи онҳо дар ин маърака аст. Интихобот яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ дар идоракунии давлат маҳсуб шуда, ҳамагон дар баргузории он бояд саҳмгузор бошанд. Саҳми занон ҳамчун неруи созанда дар субот ва пешрафти давлат калон буда, нақш ва мақому манзалати занон дар ҷомеаи мо имрӯз муҳим арзёбӣ мегардад. Бе иштироки фаъолонаи занону духтарон, бидуни фикру ақида ва пешниҳодҳои онҳо ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ-сиёсӣ ғайриимкон аст. Занону бонувон имрӯзҳо бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумат дар амалӣ  гаштани сиёсати иҷтимоии давлат бо қаноатмандӣ ва азму иродаи қавӣ  дар тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат фаъолият намуда истодаанд, ки ин аз пешрафти ҷомеа, рушду субот ва ояндаи миллат дарак медиҳад”.

Дар ҳамоиш зикр гардид, ки солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои мухталифи ҳокимият – мақоми олии қонунгузор, ҳокимияти судиву иҷроия ва тамоми сохтору мақомоти давлативу ҷамъиятӣ торафт афзуда, онҳо дар рушду пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми назаррас мегузоранд.

Февраль 20, 2020 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд