Консепсияи рушди табодули иттилоотӣ миёни мақомоти салоҳиятдори давлатҳои ИДМ дар соҳаи бехатарӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ барои тасдиқ омода мегардад

Февраль 3, 2020 10:15

ДУШАНБЕ, 03.02.2020 /АМИТ «Ховар»/.  4-5 феврал дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар шаҳри Минск  ҷаласаи иловагии гурӯҳи коршиносон оид ба тавофуқи лоиҳаҳои Консепсияи рушди табодули иттилоотӣ  миёни мақомоти салоҳиятдори давлатҳои ИДМ дар соҳаи бехатарӣ ва тартиботи  ҳуқуқӣ дар масъалаҳои мубориза бо ҷинояткорӣ ва қарори Шӯрои сарони давлатҳо оид ба ин масъала доир мегардад. Дар  ин бора АМИТ «Ховар»  бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад.

Таҳиягари лоиҳаи консепсия Бюро оид ба танзими мубориза бо ҷинояткории муташккилона ва  дигар навъҳои хатарноки ҷинояткорӣ мебошад.

Ин санад ба рушди минбаъдаи ҳамкории иттилоотии байнидавлатӣ, такмили асосҳои ҳуқуқӣ–шартномавӣ ва  бунёди воситаҳои пурсамари ташкилӣ равона гардида,  тартиби табодули муташаккилонаи иттилоотиро дар соҳаи муқовимат ба ҷинояткориҳои фаромиллӣ дар ҳамаи шаклҳо яксон менамояд.

Февраль 3, 2020 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд