Муҳриддин Низомӣ: «Мушкилоти асосӣ – рад гардидани роҳхатҳои бо ҷои кор таъминкунӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ мебошад»
ДУШАНБЕ, 06.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Муҳриддин Низомӣ аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки мушкилоти асосии кори онҳо — ин бо ҷойи кор таъмин нагардидани хатмкунандагон аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мебошад. Зеро соли 2018 аз ҷониби онҳо 11 роҳхат ва соли 2019 3 роҳхат рад карда шуданд.
Муҳриддин Низомӣ ба хабарнигорон иброз дошт, ки ҳоло Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 26 донишгоҳу донишкадаҳои кишварҳои хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Дар доираи шартномаҳо ҳамкории илмӣ, таълимӣ ва эҷодӣ роҳандозӣ гардидааст.
Инчунин дар доираи ҳамкории байналмилалӣ Донишкада бо Донишгоҳи католикӣ дар Рузомбероки Ҷумҳурии Словакия созишнома ба имзо расонид. Созишнома бо Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати шаҳри Перми Федератсияи Россия дар арафаи ба имзорасӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта 399 нафар донишҷӯ донишкадаро хатм намуданд, ки 26 нафари онҳо гирандаи дипломи сурх мебошанд.








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






