Сафири навтаъйини Тоҷикистон дар Қирғизистон нусхаи эътимодномаи худро супорид
ДУШАНБЕ, 01.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 31 январ Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Назирмад Ализода нусхаи эътимодномаи худро ба Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Чингиз Айдарбеков супорид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ч.Айдарбеков сафири Тоҷикистонро бо таъйин шуданаш ба вазифаи пурмасъул табрик гуфта, ба ӯ дар ҷодаи рушди ҳамкории бисёрҷониба бар асоси принсипҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек муваффақият таманно кард.
Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла таҳкими ҳамкории наздисарҳадиро баррасӣ намуда, нақшаҳоро барои ояндаи наздик муайян карданд.








Дар шаҳри Абу Забӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо вазирони корҳои хориҷии Салтанати Умон, Габон, Кипр ва Сингапур мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк омодагӣ ба Конфронси оби СММ – 2028 дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид
Идомаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории рақамӣ вохӯрӣ намуд
Таҳти ҳамоҳангсозии Тоҷикистон ҷаласаи сафирони Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ доир гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар якчанд чорабинии сатҳи баланд дар Ню-Йорк иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии СММ мулоқот намуд
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Сандуқи кувайтӣ барои рушди иқтисодии арабӣ баррасӣ шуд
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон дар Ню-Йорк мулоқот намуданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ мулоқот намуд






