Сироҷиддин Муҳриддин бо Сергей Лебедев мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 28.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 27 феврал Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Раиси Кумитаи иҷроия — Котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедевро, ки ба ҳайси роҳбари Ҳайати нозирони байналмилалии ИДМ ҷиҳати мушоҳидаи раванди интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Душанбе омадааст, ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанба дар доираи ИДМ-ро баррасӣ карда, таваҷҷуҳи хоссаро ба татбиқи Нақшаи чорабиниҳои асосии ИДМ доир ба омодагӣ ва таҷлили 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ зоҳир намуданд.
Сироҷиддин Муҳриддин ба Сергей Лебедев барои корҳои анҷомдодаи ҳайати ИДМ изҳори сипос намуда, таъкид ба омодагии фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти нозирони байналмилалӣ кард.
Акс аз ВКХ ҶТ








Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд






