ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 феврал, душанбе, 41-умин рӯзи соли 2020 аст

Февраль 10, 2020 08:00

10 феврали соли 2009 дар Белгия Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи иқтисодии Белгия — Люксембург оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ба имзо расид.

***

9 сол пеш, 10 феврали соли 2011 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шўрои амнияти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи васеи Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба 25-умин солгарди  барпо намудани  робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Америка ба  Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: «Мо аз раванди рушду таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкории васеи кишварҳоямон, ки имрӯз фарогири соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла, арсаҳои сиёсию иқтисодӣ, гуманитарию иҷтимоӣ ва амниятию низомӣ мебошанд, изҳори қаноатмандӣ карда, ояндаи онҳоро нек арзёбӣ менамоем».

10 ФЕВРАЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Россия – Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ.

РӮЙДОДҲО:

10 феврали соли 2010 дар маркази намоишгоҳи «БелЭкспо» -и шаҳри Мински Беларус дар намоиш-ярмаркаи XVII байналмилалии китоби Минск маҳсулоти Тоҷикистон ба маъраз гузошта шуд.

***

10 сол пеш, 10 феврали соли 2010 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд» таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маркази миллии тестӣ аз тобеияти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бароварда шуда, ба Муассисаи давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.

***

10 феврали соли 2017 дар шаҳри Душанбе дар доираи ташрифи ҳайати парлумони Чехия ба Тоҷикистон бизнес-форуми доираи соҳибкорони Тоҷикистону Чехия баргузор гардид.

***

10 феврали соли 1941 Испания ва Германия дар бораи ҳамкорӣ  шартномаи махфӣ ба имзо расониданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2018 ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон  баррасӣ гардиданд.

***

Соли 2006 дар ИМА аввалин маротиба дар таърих оид ба амнияти кибернетикӣ машқҳои васеъҷанба гузаронида шуданд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи Далер варақ мезанад

Февраль 10, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 ноябр, якшанбе, 308-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 ноябр, ҷумъа, 306-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 октябр, панҷшанбе, 305-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 октябр, чоршанбе, 304-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 октябр, сешанбе, 303-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 октябр, душанбе, 302-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, якшанбе, 301-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 октябр, ҷумъа, 299-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 октябр, панҷшанбе, 298-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 октябр, чоршанбе, 297-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 октябр, сешанбе, 296-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 октябр, душанбе, 295-умин рӯзи соли 2024 аст