ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 17 феврал, душанбе, 48-умин рӯзи соли 2020 аст

Февраль 17, 2020 08:00

17 феврали соли 2015 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Шӯрои амният, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Шӯрои амнияти мамлакат баргузор гардид, ки дар он асосан масоили вобаста ба таъмини амнияти иқтисодӣ, мубориза бо коррупсия ва ҳифзи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ дар ин соҳа баррасӣ гардид.

***

4 сол қабл, 17 феврали соли 2016 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳашари ниҳолшинонӣ дар атрофи Қасри Миллат иштирок намуда, ба мавсими нави ниҳолшинонӣ дар қаламрави мамлакат оғози расмӣ бахшиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар мулоқоти Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай Сисоев Евгений Сергеевич масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла, муқобилият бо терроризм, экстремизм ва сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, амнияти иттилоотӣ, мубодилаи хабару иттилоот ва ғайра баррасӣ карда шуд.

 17 ФЕВРАЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Ҷумҳурии Косово – Рӯзи истиқлолият.

 РӮЙДОДҲО:

17 феврали соли 2003 Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди вакилони Маҷлиси намояндагонро оид ба зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуд.

***

17 феврали соли 2009 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия 8 – умин  мусобиқаи кушоди «Аэрофлот – 2010»  баргузор гардид, ки дар он Тоҷикистонро шоҳмотбозон Фаррух  Амонатов,  Соҳиб  Ҷӯраев ва Муҳаммад Ҳусейнҷонов намояндагӣ карданд.

***

8 сол пеш, 17 феврали соли 2012 дар шаҳри Душанбе маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни мусаввари «Занон дар тиҷорат» дар доираи лоиҳои «Пешбурди ҳуқуқи иқтисодии занон ва духтарон» баргузор гардид.

***

17 феврали соли 2018 Федератсияи футболи Тоҷикистон ва агентии рекламавии «Profi Print» шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1913 дар иёлати Орегони ИМА қонуни нав дар бораи музди меҳнати ҳадди ақал ба ҳукми амал даромад.

***

27 сол муқаддам,  17 феврали соли 1993 дар Россия ҶМР «Газпром» таъсис дода шуд.

***

17 феврали соли  2000 системаи амалиёти Microsoft Windows 2000 расман фаъол гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2015 ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қирғизистон муҳокима гардиданд.

***

Соли 1869 аввалин ҷамъияти ҳуқуқии ҳифзи ҳайвоноти хонагӣ таъсис дода шуд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад

Февраль 17, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст