Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ соли 2020-ро Соли кормандони хадамоти ҳамширагӣ ва момодоягӣ эълон намуд

Февраль 17, 2020 11:05

ДУШАНБЕ, 17.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 200-солагии асосгузори кори ҳамширагӣ Флоренс Найтингейл Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ соли  2020-ро Соли кормандони хадамоти ҳамширагӣ ва момодоягӣ эълон намуд.  Иқдоми мазкур ба қадршиносии кори ҳамшираҳои тиббӣ ва момодояҳо дар  ҷомеа равона гардидааст. Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ вобаста ба масъалаи мазкур ба роҳбарони давлатҳои ҷаҳон доир ба масъалаи норасоии кормандони миёнаи тиб дар соҳаи тандурустӣ  мактуб ирсол намудааст.

Тавре  аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  бахшида ба эълон гардидани Соли кормандони хадамоти ҳамширагӣ ва момодоягӣ  роҳбари Намояндагии доимии Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Галина Перфилева  ба Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ»  ташриф оварда, бо фаъолияти  он шинос гардид.

Галина Перфилева ва роҳбарияти коллеҷ оид ба нақши ҳамшираҳои тиббӣ ва момодояҳо дар нигаҳдории солимии аҳолӣ, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ташхису пешгирии саривақтии бемориҳо суҳбат намуданд.

Ҳамчунин дар вохӯрӣ нақшаи ягонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷлили Соли кормандони хадамоти ҳамширагӣ ва момодоягӣ пешниҳод гардидааст, мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Бояд гуфт, ки дар асоси  нақшаи мазкур ифтитоҳи бинои нави асосии Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ», баргузор намудани Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ доир ба мавзӯи «Нақши корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва истифодабарии технологияи муосир дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ», таҳияи «Энсиклопедияи Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» бахшида ба 85-солагии он, ташкил ва баргузор намудани олимпиадаи фаннӣ байни донишҷӯёни коллеҷҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкил ва баргузор намудани Спартакиадаи варзишӣ байни донишҷӯёни коллеҷҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмин намудани иштироки мутахассисони кори ҳамширагӣ ва момодоягӣ дар курсҳои такмили ихтисос, семинарҳо ва конфронсҳои сатҳи шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, таҳия ва нашри маҷаллаи ҷумҳуриявии «Ҳамшираи тиб ва момодоя» ва дигар чорабиниҳо дар назар дошта шудаанд.

Роҳбари Намояндагии доимии Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Галина Перфилева аз дастовардҳои Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» дар ҷодаи омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ, аз ҷумла ҳамшираҳои тиббӣ ва момодояҳо изҳорӣ хушнудӣ намуда, иброз намуд, ки ӯ омода аст дар амалишавии нақшаи чорабиниҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Соли кормандони хадамоти ҳамширагӣ ва момодоягӣ саҳм гузорад.

 

Февраль 17, 2020 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд