Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ соли 2020-ро Соли кормандони хадамоти ҳамширагӣ ва момодоягӣ эълон намуд
ДУШАНБЕ, 17.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 200-солагии асосгузори кори ҳамширагӣ Флоренс Найтингейл Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ соли 2020-ро Соли кормандони хадамоти ҳамширагӣ ва момодоягӣ эълон намуд. Иқдоми мазкур ба қадршиносии кори ҳамшираҳои тиббӣ ва момодояҳо дар ҷомеа равона гардидааст. Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ вобаста ба масъалаи мазкур ба роҳбарони давлатҳои ҷаҳон доир ба масъалаи норасоии кормандони миёнаи тиб дар соҳаи тандурустӣ мактуб ирсол намудааст.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бахшида ба эълон гардидани Соли кормандони хадамоти ҳамширагӣ ва момодоягӣ роҳбари Намояндагии доимии Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Галина Перфилева ба Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» ташриф оварда, бо фаъолияти он шинос гардид.
Галина Перфилева ва роҳбарияти коллеҷ оид ба нақши ҳамшираҳои тиббӣ ва момодояҳо дар нигаҳдории солимии аҳолӣ, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ташхису пешгирии саривақтии бемориҳо суҳбат намуданд.
Ҳамчунин дар вохӯрӣ нақшаи ягонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷлили Соли кормандони хадамоти ҳамширагӣ ва момодоягӣ пешниҳод гардидааст, мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Бояд гуфт, ки дар асоси нақшаи мазкур ифтитоҳи бинои нави асосии Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ», баргузор намудани Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ доир ба мавзӯи «Нақши корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва истифодабарии технологияи муосир дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ», таҳияи «Энсиклопедияи Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» бахшида ба 85-солагии он, ташкил ва баргузор намудани олимпиадаи фаннӣ байни донишҷӯёни коллеҷҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкил ва баргузор намудани Спартакиадаи варзишӣ байни донишҷӯёни коллеҷҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмин намудани иштироки мутахассисони кори ҳамширагӣ ва момодоягӣ дар курсҳои такмили ихтисос, семинарҳо ва конфронсҳои сатҳи шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, таҳия ва нашри маҷаллаи ҷумҳуриявии «Ҳамшираи тиб ва момодоя» ва дигар чорабиниҳо дар назар дошта шудаанд.
Роҳбари Намояндагии доимии Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Галина Перфилева аз дастовардҳои Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» дар ҷодаи омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ, аз ҷумла ҳамшираҳои тиббӣ ва момодояҳо изҳорӣ хушнудӣ намуда, иброз намуд, ки ӯ омода аст дар амалишавии нақшаи чорабиниҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Соли кормандони хадамоти ҳамширагӣ ва момодоягӣ саҳм гузорад.








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд






