МУРОҶИАТИ ВКХ БА ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН: бинобар хуруҷи бемории нав дар Чин аз сафар ба ин кишвар худдорӣ намоед
ДУШАНБЕ, 01.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВКХ ҶТ) дар робита ба хуруҷи бемории нав дар Чин ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавсия медиҳад, ки аз сафар ба ин кишвар худдорӣ намоянд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба ВКХ ҶТ хабар медиҳад.
Дар иттилоияи манбаъ гуфта мешавад, ки бо назардошти интишори вируси корона дар Чин, ВКХ ҶТ ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки аз сафар ба ин кишвар дар ҳоли ҳозир худдорӣ намоянд.
«Аз ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Чин қарор доранд, дархост мешавад, ки маълумот ва ному насаби худро ба Сафорати Тоҷикистон дар Пекин аз тариқи почтаи электронии tajembbeijing@mfa.tj ё рақамҳои телефони зерин пешниҳод кунанд: +8618511786686 (Суҳроб Қодиров), +8618514270747 (Амриддин Носиров) ва +8613522787975 (Фаромуз Пирмухамедов). Суроғаи Сафорати Тоҷикистон: Пекин, No.LA 01-04, Liangmaqiao Diplomatic Compound», — омадааст дар иттилоияи ВКХ.
Бино ба маълумоти расида, дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон ҳодисаи мубтало шудан ба вируси корона ба қайд гирифта нашудааст.
Ҳамчунин вазорат аз ҳамватанон хоҳиш менамоед, ки оромиро нигоҳ дошта, қоидаҳои будубоши кишвари маҳалли иқомат ва талаботҳои зарурии пешгирии бемориро риоя кунанд.
Сафорат ҳолати паҳншавии вируси мазкурро дар Чин пайваста пайгирӣ намуда, муосидати заруриро ба шаҳрвандон мерасонад.
Корҳо дар ин самт идома доранд.
ДАК АКС ВКХ ҶТ. Акс аз бойгонӣ








Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид






