Раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода бо Раиси КМИ Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва муовини Котиби генералии СҲШ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 27.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии /КМИР/ Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода дар доираи омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бо Раиси Комиссия марказии интихоботии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мирзо-Улуғбек Абдусаломов ва муовини Котиби генералии Созмони Ҳамкории Шанхай, роҳбари Миссияи мушоҳидони байналмилалии аз ин созмон Нурлан Аккошкаров мулоқот намуд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои тайёрӣ ба маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода табодули назар карданд.
Раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода дар ҷараёни суҳбат аз рафти омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси Олӣ ёдовар шуда, иброз дошт, ки Комиссия дар дар доираи талаботи қонунгузории мамлакат барои иштирокчиёни маъракаи интихоботӣ шароити баробарро ҷиҳати рақобати сиёсӣ муҳаё намудааст.
Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки имрӯзҳо дар тамоми ҷумҳурӣ маъракаи тарғиботӣ аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба вакилӣ дар шакли вохӯрӣ бо интихобкунандагон ва баромадҳо аз тариқи телевизион, радио ва матбуоти даврӣ муташаккилона идома дорад.
Дар мулоқот ҷонибҳо изҳор намуданд, ки фаъолияти мушоҳидони байналмилалӣ ба баргузории интихоботи шаффоф ва ошкоро мусоидат менамояд.











Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






