Раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода бо Раиси КМИ Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва муовини Котиби генералии СҲШ мулоқот намуд

Февраль 27, 2020 15:29

ДУШАНБЕ, 27.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии /КМИР/ Ҷумҳурии  Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода дар доираи омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бо Раиси Комиссия марказии интихоботии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мирзо-Улуғбек Абдусаломов ва муовини Котиби генералии Созмони Ҳамкории Шанхай, роҳбари Миссияи мушоҳидони байналмилалии аз ин созмон Нурлан Аккошкаров мулоқот намуд.  

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои тайёрӣ ба маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода табодули назар карданд.

Раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода дар ҷараёни суҳбат аз рафти омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси Олӣ ёдовар шуда,  иброз дошт, ки Комиссия дар дар доираи талаботи қонунгузории мамлакат барои иштирокчиёни маъракаи интихоботӣ шароити баробарро  ҷиҳати рақобати сиёсӣ муҳаё намудааст.

Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки имрӯзҳо дар тамоми ҷумҳурӣ маъракаи тарғиботӣ аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба вакилӣ дар шакли вохӯрӣ бо интихобкунандагон ва баромадҳо аз тариқи телевизион, радио ва матбуоти даврӣ муташаккилона идома дорад.

Дар мулоқот ҷонибҳо изҳор намуданд, ки фаъолияти мушоҳидони байналмилалӣ ба баргузории интихоботи шаффоф ва ошкоро мусоидат менамояд.

Февраль 27, 2020 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи комиссияи экологӣ доир шуд
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон якчанд созишнома ба тасвиб расид
Файзалӣ Идизода бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ Мартин Чунгонг мулоқот намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Раиси Парламенти Туркманистон Дунягозел Гулманова вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода дар шаҳри Санкт-Петербург бо намояндагони ҷамъияти тоҷикон ва донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуд
КОНФРОНСИ ЧОРУМИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Душанбе семинари минтақавӣ барои парлумонҳои давлатҳои Авруосиё баргузор гардид
Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА АДОИ ЭҲТИРОМ БА ҚАҲРАМОНОН. Дар робита ба овардани хоки оромгоҳи қаҳрамонони Тоҷикистон ба Ватан