Аломатҳои нави коронавирус маълум шуданд

Март 11, 2020 10:18

ДУШАНБЕ, 11.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи табибон аз Сингапур аломатҳои  нави бемории коронавируси  COVID-19-ро муайян намуданд. Баъзе беморон нишонаҳои ба  дигар касалиҳо хосро  дороянд, ки ин ташхисро мушкил месозад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Sputnik.

Натиҷаи  таҳқиқоти табибони Сингапур дар маҷаллаи «Lancet» нашр шудааст, иттилоъ медиҳад «РИА Новости».

Тибқи  гуфтаи табибон, баъзе бемороне, ки бо гумони коронавирус назди онҳо омаданд, нишонаҳое доштанд, ки хоси ин беморӣ нест.

Одамон аз таб  ва хориши бадан бо доначаҳо  шикоят карданд. Инчунин дар онҳо  аломатҳои хоси коронавирус: зуком, сулфаи тар ва дарди гулӯ дида намешуд. Бинобар ин ба онҳо баъди ташхис вараҷаи денге гузоштанд.

Нодуруст гузошта шудани ташхис танҳо баъди он ки  табобати вараҷаи денге  ба беморон кумак накард, маълум гашт. Онҳо ҳамоно аз душвории нафаскашӣ шикоят доштанд. Танҳо баъди озмоиш аз коронавирус ошкор гардид, ки санҷишҳо натиҷаи мусбат додаанд.

Табибон аз ҳамкасбони худ даъват намуданд, ки ба ташхис муносибати ҷиддӣ дошта бошанд ва фаромӯш насозанд, ки табобати  нодуруст ба солимии  аҳолӣ  таҳдид мекунад. Аз хурӯҷи бемории қаблан номаълуми  илтиҳоби шуш дар шаҳри Ухани Чин ҳукуматдорон 31 декабри соли 2019 ба Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ хабар доданд. Ангезандаи ин беморӣ коронавируси намуди нав буд, ки баъдтар  ба он   COVID-19  ном ниҳоданд.

Мутобиқи маълумоти охирин, шумораи мубталоён дар Чини қитъагӣ  80 754 нафарро ташкил медиҳад, ки  аз ин 3 136  нафар ҳалок шуда, тахминан 60 ҳазор нафар шифо ёфтанд. Аз рӯи маълумоти СУТ, берун аз Чин 686  нафар ҷон бохтаанд.

Қаблан хабар доданд, ки дар Қазоқистон рӯйхати кишварҳое, ки аз сабаби коронавирус хавфнок шуморида мешуданд, тағйир дода шудааст:

Ба гурӯҳи 1 «а» Ҷумҳури Мардумии Чин, Эрон, Кореяи Ҷанубӣ  ва Италия шомил мешаванд. Шахсони аз ин кишварҳо омадаро дар беморхона ба карантини 14 –рӯзаи ҳатмӣ фаро мегиранд; ба гурӯҳи 1 «б» Франсия, Испания, Германия дохил мешаванд, шаҳрвандони аз онҷо омадаро тавсия медиҳанд, ки муддати 10 рӯз тарки хона накарда, ба вазъи саломатиашон диққат диҳанд, дар ҳолати нахустин зуҳури ин беморӣ ба табибон  муроҷиат намоянд; дар  гурӯҳи дуюм Швейтсария ва Британияи  Кабир ҷой дода шуданд. Ба нафарони аз Нидерландия омада муддати 14 рӯз  зангҳои пайваста ба табибон тавсия дода шудааст; аксари кишварҳо ба гурӯҳи сеюм дохил мешаванд.  Белгия, Шветсия, Норвегия, Ҳиндустон, Ироқ, Филиппин ва ИМА ҳамчунин дар номгӯйи гурӯҳи сеюманд.

АКС: Sputniknews.kz

Март 11, 2020 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон