Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ДУШАНБЕ, 14.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло мо дар остонаи таҷлили ду ҷашни бузурги давлатӣ қарор дорем, ки барои давлату миллати мо аҳамияти басо арзишманд доранд — яке Иҷлосияи XVI- Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигаре Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин санаҳо дар таърихи давлати соҳибистиқлол ҳамчун воқеаи бузурги сиёсӣ мақоми махсусро ишғол менамоянд. Маҳз бо даъвати ин Иҷлосияи тақдирсоз давлати мо аз вартаи ҳалокат наҷот ёфта, арзишмантарин фарзанди фарзонаи худ, яъне Пешвои миллатро наҷотбахши давлати Тоҷикистон ва халқи тоҷик гардонид. Бо чунин матлаб оғоз гардидааст мақолаи директори Агентии «Тоҷикстандарт» Исломиддин Раҳмон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол гардидааст. Матни пурраи мақола манзур мегардад.
-Ба ҳамагон маълум аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти барҷаста вақте ба майдони сиёсат ворид шуданд, ки миллати тоҷик парешон ва давлат дар вартаи ҳалокат қарор дошт. Шоҳидони ҳамон солҳо беҳтару хубтар медонанд, ки чӣ қадар мушкилиҳо ва фоҷеаҳое ба сари миллати тоҷик омада буд. Аммо бо вуҷуди ин қадар мушкилоту нооромиҳо бо тадбирҳои хирадмандона ва ғайрату ҷасорати фавқулодаи ин марди наҷиб кишвари азизамон аз вартаи фалокат ва нобудӣ берун оварда шуд, мардуми парешонро сарҷамъ намуданд ва садҳо ҳазор гурезагонро ба Ватан баргардониданд.
Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини мамлакат ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмуъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рӯзи 16 ноябр рӯзи Президент пазируфта шудааст.
Дар таърихи навини миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияте ҳастанд, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдории соҳибистиқлоли тоҷик ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста кардаанд.
Бояд иброз намуд, ки маҳз сиёсати хирадмандона ва талошу заҳматҳои пайвастаи фарзанди фарзонаи миллати номвар ва номбардори халқи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки хавфи аз байн рафтани давлат дар солҳои баъд аз ҷанги таҳмилӣ бартараф карда шуд.
Бо мақсади рушду инкишофи илми тоҷик мунтазам аз ҷониби Роҳбари давлат ғамхориҳои зиёд зоҳир гардида, тамоми кӯшишу ғайрат ва ҳидояти ин абармарди миллат ба иҷрои ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръат, ҳамзамон, рушди илмҳои бунёдӣ дар амал татбиқ гардида истодааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути сиёсати сулҳофару созанда ва дарҳои кушод таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба Тоҷикистон ҷалб сохт. Эълони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси давлати демократӣ, дунявӣ ва ягона имкон дод, ки мардумаш осудаву хушҳол умр ба сар баранд.
Дар таърихи халқи тоҷик низ чунин абармардоне буданд, ки барои дар ҷодаи таърих боқӣ мондани миллати мо саҳми худро гузоштаанд Аз рӯзи аввали расидан ба қудрати сиёсӣ то ба имрӯз Президенти мамлакат ҳамеша кӯшиш мекунад, ки давлатдории миллиро тақвият бахшанд, осоишу сулҳу субот ва ҳаёти арзандаро барои миллати тоҷик фароҳам оваранд.
Эътироф гардидани давлати мо ҳамчун давлати соҳибистиқлол аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон, барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ бо аксари кишварҳои дуру наздик, узви комилҳуқуқи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ гардидан, пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва даҳҳо муваффақиятҳои дигар дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ ҳама бозгӯи фаъолияти пурсамари мактаби дипломатияи муваффақи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо самимияту ҷонфидоии худ баҳри миллат воқеан имрӯз аъзои ифтихории ҳар як хонадони тоҷиканд, ҳар вақте дар ҷамъомаде ё маҷлисе баромади пурмуҳтаво мекунанд, мо ифтихор мекунему дарси пурмаъние дармеёбем.
Ҳар вақте Пешвои миллат сари ятимеро сила мекунанд, аз чашмонамон ашк берун меояд, ҳар боре дасти дармондагонро мегиранд, дилҳоямон лабрези фараҳу шодӣ мегарданд, ҳар боре ба зарардидагони офатҳои табиӣ кумак мекунанд, шукргузорӣ мекунем, ки чунин Роҳбару Сарваре дорем.
Ҳар замоне аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ бо хиради азалии тоҷикона ва суханронии пурмуҳтавои хоси сарварӣ баромад мекунанд, ифтихори беандоза мекунем, он лаҳзаҳои суханронӣ симои Тоҷикистонро мебинему ифтихор мекунем…
Воқеан хизматҳои Пешвои миллат барои ин миллат ва ин давлат беназир аст, хизматҳое, ки Роҳбари давлат дар ин мудати кӯтоҳ анҷом додаанд, ягон шахсияти таърихӣ ва ё роҳбарони дигар барои мардумаш ва давлаташ анҷом надодаанд. Вобаста ба ин, моро зарур аст, ки ҷонфидоии ин марди наҷибро қадрдонӣ карда, дар паҳлуяш рост истода, баҳри ободии диёр, пешрафти мамлакат, ояндаи дурахшони ин давлату миллат содиқона хизмат намоем. Ҳамчунин, ба қадри сулҳу осоиштагӣ бирасем.
АКС: АМИТ «Ховар»








АЗ ТАҶРИБАИ МИЛЛИИ СУЛҲОФАРӢ ТО ҚАБУЛИ РӮЗНОМАИ ҶАҲОНӢ. Тоҷикистон бо роҳбарии Абармарди таърихсоз ҷодаи сулҳу созандагиро интихоб намудааст
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
ТАВСИЯИ МУФИД. Истеъмоли мавиз асабро ором ва хотираро мустаҳкам месозад
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Дар вилояти Хатлон соҳаи маориф қариб ду баробар рушд намудааст
Саҳми Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди равишҳои инноватсионӣ дар таҷлили Истиқлоли давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Соли 2026 ҳолати мелиоративии беш аз 18 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ беҳтар гардонида мешавад
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИХТИРОЪКОРОН ВА НАВОВАРОН. Ихтироъкорони тоҷик дар шаш моҳ соҳиби 77 нахустпатент шуданд
ДАРКИ АМИҚИ МОҲИЯТИ ИСТИҚЛОЛИ СИЁСӢ. Он шарти муҳими таҳкими давлатдории миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат аст
15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд
ОМОРИ МУОСИР ВА ЗАРУРАТИ ТАРБИЯИ КАДРҲОИ РАҚОБАТПАЗИР. Андешаҳо дар ин маврид
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ






