Аъзои Маҷлиси миллӣ кодексҳои об ва нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 19.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ» имрӯз дар иҷлосияи бисту дуюми палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон – Маҷлиси миллӣ баррасӣ ва ҷонибдорӣ гардиданд. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ масъалаҳои баррасишударо тавзеҳ дода, зикр намуданд, ки ҷонибдории кодексҳои об ва нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи об ва нақлиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медароранд. Инчунин ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими мурофиаи суди иқтисодӣ ва дар маҷмӯъ ҳокимияти судӣ дар мамлакат равона гардидааст.
Ҳамзамон дар назди аъзои Маҷлиси миллӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019» ҳисобот дод.
Дар иҷлосияи бисту дуюми Маҷлиси миллӣ инчунин масъалаҳои марбут ба сохти ҳудудию маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, «Оид ба тағйир додани сарҳадҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ», «Оид ба тағйир додани сарҳадҳои шаҳраки Балх, деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва ба ҷойи дигар кӯчонидани маркази маъмурии деҳоти Ҳалевард» баррасӣ ва ҷонибдорӣ гардиданд.
Инчунин бо қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми Раиси Маҷлиси миллӣ
Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Раиси Маҷлиси миллӣ Ёдгор Файзов, раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Раҳмон, Фарҳод Раҳимӣ, Муҳаммадюсуф Имомзода, Раҳмоналӣ Амирзода, аъзои Маҷлиси миллӣ Арамбегим Маҳтобшозода, Меҳриниссо Бобобекова, Қаноатшо Лоиқзода, Саёҳат Дадаҷонова, Наргис Раҳмонова ва Раҳмон Шораҳматов бо Ифтихорномаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.










Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






