Бадахшон: интихобот дар тамоми ҳавзаҳо бомаром идома дорад
ХОРУҒ, 01.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар ҳамаи участкаҳои интихоботии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон субҳи барвақт муташаккилона оғоз гардид.
Интихобкунандагон бо дарки масъулият ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ба участкаҳои интихоботӣ ҳозир шуда, мутобиқи муқаррароти қонунгузорӣ ба ҷонибдории ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳои арзанда овоз медиҳанд.
Бо мақсади иҷрои талаботи қонунгузории интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди вилоят 2 ҳавзаи якмандатии интихобот- ҳавзаи интихоботии Ванҷ, рақами 40 ва ҳавзаи интихоботии Хоруғ, рақами 41 таъсис дода шудааст.
Тавассути Ҳавзаи интихоботии Хоруғ, рақами 41 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Хоруғ дар маҷмӯъ 14 участкаи интихоботӣ ташкил карда шудааст, ки дар ҳамаи участкаҳо шароити мусоиди овоздиҳӣ фароҳам мебошад. Хусусан барои нафарони имконияташон маҳдуд кабинаҳои алоҳидаи овоздиҳӣ ва ҷиҳати бе монеа ворид шудан ба бинои участка тариқи аробачаҳои маъюбӣ гузаргоҳҳои махсус низ сохта шудаанд.
Дар маҷмӯъ дар ҳавзаи интихоботии Хоруғ, рақами 41, ки шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва қисман ноҳияи Шуғнонро фаро мегирад, 124 участкаи интихоботӣ мавҷуд аст. Аз шумораи умумии интихобкунандагони ин ҳавза 1 ҳазору 260 нафар дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ бори аввал иштирок мекунанд.
Масъулони Ҳавзаи интихоботии Хоруғ, рақами 41 мегӯянд, ки давоми рӯз, яъне то замони ҷамъбасти овоздиҳӣ, ки соати 20:00-и имшаб муқаррар шудааст, интихобкунандагоне, ки бо сабаби беморӣ ва ё сабабҳои дигар ба бинои овоздиҳӣ омада наметавонанд, аз ҷониби комиссияҳои участкавии интихобот қуттиҳои сайёр ташкил карда шуда, дар ҳузури нозирону намояндагони воситаҳои ахбори омма ва шахсони боэътимод овоздиҳии онҳо пурра таъмин карда мешавад.
Интихобот дар ҷомеаи демократӣ падидаи муҳим маҳсуб меёбад ва иштироку таваҷҷуҳи имрӯзаи мардум дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо барои ояндаи давлату миллати худ бетараф нестанд ва бо интихоби номзади арзанда ва ё ҳизби сиёсӣ дар пешрафту ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда мегузоранд.








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






