Бузургтарин табақи суманак дар майдони «Дӯстӣ»-и Душанбе қомат афрохт

Март 10, 2020 09:30

ДУШАНБЕ, 10.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази шаҳри Душанбе — майдони «Дӯстӣ», дар паҳлуи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ баландтарин табақи суманак, ки  рамзи баҳору Наврӯз аст,  қомат афрохтааст. Дар  майдон ҳамчунин дарахтони пургул, гулҳои рангоранг  ва дигар ороишоти наврӯзӣ насб гардидаанд, ки  аз омадани Наврӯзи дилафрӯз мужда  медиҳанд. Бори аввал аст, ки бузургтарин табақи суманак- рамзи баҳору Наврӯз дар маркази пойтахти Тоҷикистон  гузошта мешавад.

Тавре аз Раёсати иттилоот  ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  аз 1 март то 20 апрел бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкати «Рахш такси» дар ҳамкорӣ бо  Маркази миллии «Иттифоқи ҳунармандон» ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ таҳти унвони «Ярмаркаи наврӯзӣ. Душанбе-2020» дар пойтахт намоишгоҳи баҳории ҳунармандон баргузор мегардад.

Ҳамаи ҳунармандон бо хонаҳои чӯбин, ки дар хиёбони Рӯдакӣ ҷойгир буда, дорои ороишоти баҳорӣ, стандарти аврупоӣ, барқ ва об мебошанд, таъмин мегарданд. Инчунин ҳамарӯза аз ҷониби рассомону устодон барои истеъдодҳои ҷавон дарсҳои омӯзишӣ  гузаронида мешаванд. Намоишгоҳ ҳамарӯза аз соати 10:00 то 23:00-и шаб идома меёбад.

Тавре аз Маркази миллии «Иттифоқи ҳунармандон» ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, мақсад аз баргузор намудани ярмаркаи мазкур дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ ва шиносоӣ бо асарҳои ҳунармандон, рассомон ва кулолгарони дохиливу хориҷӣ мебошад. Ҳамасола иди Наврӯз дар гӯшаву канори Тоҷикистон, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе  бо  муҳаббати беандоза таҷлил мегардад.

Ташаббускорони намоишгоҳ тасмим гирифтаанд, ки дар хиёбони Рӯдакӣ ярмаркаи баҳорӣ баргузор намоянд, то дар он сокинону меҳмонони пойтахт ва хориҷиён ҷамъ омада, аз маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик бархӯрдор гарданд.

Март 10, 2020 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад