Черногория – ягона кишваре, ки дар Аврупо аз коронавирус эмин мондааст

Март 13, 2020 11:52

ДУШАНБЕ, 13.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Черногория дар Аврупо ягона кишварест, ки дар он то кунун ягон ҳолати сироятёбӣ аз  коронавируси COVID-19  ба қайд гирифта нашудааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба INTERFAX.RU иттилоъ медиҳад, дар ин бора дар суҳбати телевизионӣ  эпидемиологи Пажуҳишгоҳи тандурустии ин кишвар Игор Галич  изҳорот дод.

Ба қавли ӯ, аз оғози эпидемия дар кишвар зиёда аз 2000  нафар ба ташхис фаро гирифта шудаанд. Айни ҳол 392 нафар таҳти назорати табибон қарор доранд.

«Ташхиси коронавирус ҳамагӣ ду-се соат тӯл мекашад, бинобар ин, натиҷаҳо ба зудӣ муайян мешаванд»,-илова намуд Галич.

Ӯ аз ҳамватанони хеш даъват намуд, ки гапҳои воҳимаангезона ва бардурӯғ паҳн насозанд.

Мувофиқи  маълумоти охирин, дар олам 126 631 ҳолати сироятёбӣ аз коронавируси COVID-19 тасдиқ гашта, 4638 нафар вафот кардаанд. Шоми 11 март Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ  вазъ бо  коронавирусро пандемия эълон намуд.

Март 13, 2020 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд