Дабири кулл — Роҳбари Котиботи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ба АМИТ «Ховар» изҳори сипос намуд
ДУШАНБЕ, 17.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба директори АМИТ «Ховар» аз номи Дабири кулл — Роҳбари Котиботи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) Дмитрий Кобитский нома расид, ки дар он ба ҳайати эҷодии Агентӣ «барои инъикоси ҳамаҷониба ва воқеъбинонаи кори нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ зимни назорати рафти омодагӣ ва баргузории интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон» изҳори сипос карда мешавад.
Дмитрий Аркадйевич, аз ҷумла, менависад:
«Муҳтарам Саидалӣ Раҷабалиевич!
Миннатдории маро барои аз ҷониби Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ҳамаҷониба ва воқеъбинона инъикос гардидани фаъолияти нозирони байналмилалӣ аз Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар доираи назорати ҷараёни омодагӣ ва баргузории интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 1 марти соли 2020 сурат гирифт, бипазиред.
Мусоидати Шумо ба таъмини пурраи инъикоси иттилоотии назорати интихобот кумак расонд. Ба Шумо барои дастгириатон миннатдории самимии худро изҳор мекунам.
Умед дорам, ки минбаъд низ ҳамкории мо пурсамар хоҳад буд».








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






