Дабири кулл — Роҳбари Котиботи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ба АМИТ «Ховар» изҳори сипос намуд

Март 17, 2020 16:55

ДУШАНБЕ, 17.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба директори АМИТ «Ховар» аз номи Дабири кулл — Роҳбари Котиботи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) Дмитрий Кобитский нома  расид, ки дар он ба ҳайати эҷодии Агентӣ «барои инъикоси ҳамаҷониба ва воқеъбинонаи кори нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ зимни назорати рафти омодагӣ ва баргузории интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон» изҳори сипос карда мешавад.

Дмитрий Аркадйевич, аз ҷумла, менависад:

«Муҳтарам Саидалӣ Раҷабалиевич!

Миннатдории маро барои аз ҷониби  Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ҳамаҷониба ва воқеъбинона инъикос гардидани  фаъолияти нозирони байналмилалӣ аз Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  дар доираи назорати ҷараёни омодагӣ ва баргузории интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 1 марти соли 2020 сурат гирифт, бипазиред.

Мусоидати Шумо ба таъмини пурраи инъикоси иттилоотии назорати интихобот кумак расонд. Ба Шумо барои дастгириатон миннатдории самимии худро изҳор мекунам.

Умед дорам, ки минбаъд низ ҳамкории мо пурсамар хоҳад буд».

Март 17, 2020 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид