Дар Қазоқистон ҷараёни овоздиҳии шаҳрвандони Тоҷикистон идома дорад
ДУШАНБЕ, 01.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар участкаи интихоботии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон овоздиҳии шаҳрвандони Тоҷикистон барои интихоби вакилони даъвати нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.
Тавре аз Сафорати мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, маъракаи овоздиҳии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қазоқистон аз соати 8.00 то 20.00 бо вақти маҳаллӣ, дар бинои Сафорат, воқеъ дар шаҳри Нур-Султон, маҳаллаи Чубари, кӯчаи Қарасақал Еримбет №15 ва бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмато, маҳаллаи Баганашил, кӯчаи Санаторная 16 сурат мегирад.
Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар маъракаи муҳими сиёсии Ватан — вакилони даъвати нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат намуда истодаанд. Онҳо зикр намуданд, ки дар ин рӯзи барои сарзаминашон тақдирсоз онҳо бетараф нестанд, зеро Ватанро бо ҷону дил дӯст медоранд.









Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






