Дар Чин дар робита ба вазъи коронавирус беҳбудӣ ба қайд гирифта шудааст

Март 12, 2020 11:55

ДУШАНБЕ, 12.03.2020 /АМИТ «Ховар»/.   Дар Чин ҳолати паҳншавии коронавирус баръало тамоюли хуб пайдо мекунад: тӯли як шабонарӯз  1578 нафар  солимиашонро барқарор намуда, ҳамагӣ 24 одам сироят  ёфтаанд ва  22 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии беҳдошт ва ҳифзи солимии Ҷумҳурии Мардумии Чин, шумораи мубталоёни вирус ба  80,7 ҳазор нафар расида, аз он 61,4 нафар сиҳат шудаанд ва 3158 нафар фавтидаанд. Аз рӯи ҳисоби нав, сатҳи фавт аз вирус дар Чин дар қиёс бо рӯзи гузашта, ки он вақт 3,88% буд, имрӯз  3,9% -ро ташкил медиҳад. Фоизи одамоне, ки дар як шабонарӯз саломатиашон барқарор шудааст,  аз   74,1% то  76,1%  зиёд шудааст.

Вазъият дар Италия то ҳол мураккаб боқӣ мемонад, он берун аз ҶМЧ ба  маркази бузургтарини сироят табдил ёфтааст: дар як шабонарӯз онҷо 168 бемор ҳалок шудаанд.  Аз лаҳзаи сар задани бемории коронавирус зиёда аз 10 ҳазор одам сироят ёфтаанд, бештар аз ҳазор нафар табобат шуда, 631 нафар ҷон супурданд.

Теъдоди мубталоёни коронавируси намуди нав дар Кореяи Ҷанубӣ (он аз ҷиҳати сироятнокӣ  сеюм аст) 242 нафар зиёд шуда, ҳамагӣ дар кишвар 7755 ҳолати беморӣ қайд гардидааст,- хабар дод рӯзи сешанбе Маркази назорат ва пешгирии бемориҳо дар назди Вазорати тандурустии кишвари номбурда. Дар як шабонарӯз 6 нафар ҳалок гардида, шумораи умумии фавт дар кишвар ба 60 нафар расид.

Нахустин ҳолатҳои тасдиқшудаи сирояти коронавирус дар Туркия, Боливия, Ҷумҳурии Демократии Конго ва Ямайка тасдиқ шуданд. Дар маҷмӯъ, ин вирус қариб дар 110 кишвар ошкор шудааст.

Март 12, 2020 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид