Дар Токио имконияти ҳамкорӣ ва фаъолияти ширкати TOSHIBA дар Тоҷикистон баррасӣ гардид

Март 3, 2020 10:00

ДУШАНБЕ, 03.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. 2 март вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Мирзошариф Ҷалолов бо Президенти ширкати TOSHIBA Тсунакава Сатошӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот имкониятҳои ҳамкорӣ бо ширкати TOSHIBA баррасӣ гардида, роҷеъ ба фаъолияти ширкати мазкур дар Тоҷикистон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Бояд таъкид намуд, ки корпоратсияи TOSHIBA дар ҷаҳон дар самти  таҳия ва татбиқи технологияҳои муосир,  истеҳсолкунандаи серсоҳа  ва иштирокчии бозор бо маҳсулоти пешрафтаи электронӣ ва барқӣ, системаҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, маҳсулоти рақамӣ, дастгоҳҳои электронӣ, ҷузъҳо ва низоми таъминотӣ  пешсаф ва  навовар мебошад.

                                                                 АКС аз сомонаи ВКХ ҶТ

Март 3, 2020 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд