Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи котиби Шӯрои
амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Ватанзода М.М.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
6 марти соли 2020
№1467
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи котиби Шӯрои
амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Маҳмудзода Н.Р.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
6 марти соли 2020
№1468
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи
Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони
Бадахшон озод намудани Ҷошбаев М.А.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Ҷошбаев Мурзабай Абилакимович бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи раиси ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
6 марти соли 2020
№1469
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи раиси ноҳияи
Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
таъин намудани Раҷабзода Ҳ.Ҳ.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо раиси ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
6 марти соли 2020
№1470
РАҶАБЗОДА Ҳусния Ҳукуматшо
аз марти соли 2020 дар мансаби раиси ноҳияи Мурғоб кор мекунад.
Соли таваллуд 24 июни соли1982 Ҷои таваллуд ноҳияи Мурғоб
Миллат тоҷик Таҳсилот олӣ
соли 2004 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва соли 2011 магистратураи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Ихтисос омузгори фанни забони точик ва адабиёт
Унвони илмӣ надорад
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, қирғизи, англисӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не надорад
Кор ва фаъолияти собиқа:
| Солҳои 2004-2006 | Омӯзгори мактаби миёнаи №14-и ноҳияи Мурғоб |
| Соли 2006 (06-10) | Муваққатан иҷрокунандаи вазифаи мудири шӯъбаи умумии дастгоҳи раиси ноҳияи Мурғоб |
| Солҳои 2006-2007 | Муваққатан иҷрокунандаи вазифаи сармутахассиси кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб |
| Солҳои 2007-2008 | Мутахассиси бахши назорати дасгоҳи раиси ноҳияи Мурғоб |
| Соли 2008(02-03) | Сармутахассиси бахши маъмурӣ-ҳуқуқии дастгоҳи раиси ноҳияи Мурғоб |
| Солҳои 2008-2010 | Мудири шӯъбаи умумии дастгоҳи раиси ноҳияи Мурғоб |
| Солҳои 2010-2011 | Магистранти ДТИХД Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Солҳои 2011-2013 | Мудири бахши умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳияи Мурғоб |
| Солҳои 2013-2020 | Муовини раиси ноҳияи Мурғоб |
| Аз марти соли 2020 | Раиси ноҳияи Мурғоб |
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи раиси суди
шаҳри Истаравшани вилояти Суғд
озод намудани Ваҳҳобзода С.А.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
Ваколати раиси суди шаҳри Истаравшани вилояти Суғд Ваҳҳобзода Содиқҷони Абдулҳай бинобар вафоташ қатъ карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
6 марти соли 2020
№1471
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи директори Агентии назорат дар соҳаи
маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Саидзода Ш.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
Саидзода Шоҳин директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
6 марти соли 2020
№1472








Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Муҷассамаи «Истиқлолият ва башардӯстӣ»-и Ҷумҳурии Узбекистон гулчанбар гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон шуданд






