Иттиҳоди Аврупо ҷаласаи фаврӣ оид ба коронавирусро ба тарзи видеоконференсия баргузор менамояд

Март 17, 2020 10:43

ДУШАНБЕ, 17.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Иттиҳоди Аврупо рӯзи  сешанбе, 17 март  ҷаласаи фаврӣ  доир менамояд, то чораҳои муқовимат алайҳи коронавирусро дар шакли видеоконференсия баррасӣ намояд. Дар ин бора роҳбари  Шӯрои  Аврупо Шарл  Мишел дар Twitter навиштааст. Ӯ сараввал, 16 март даъват намудани саммитро эълон намуд, вале  баъдан твиттерро ислоҳ  кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

«Ман тасмим гирифтам, ки рӯзи сешанбе, 17 март  нишасти Шӯрои Аврупоро (Шӯрои сарони давлатҳо ва ҳукумати ИА, эзоҳи ТАСС)  оид ба вазъи коронавирус тариқи видеоконференсия  баргузор намоям. Мо тадбирҳоро барои  маҳдуд сохтани паҳншавии ин беморӣ, таҳвили буҳронии лавозимоти тиббӣ, тавсеаи таҳқиқот ва то ҳадди имкон кам кардани зарари иқтисодӣ баррасӣ хоҳем кард»,- гуфт ӯ, хабар медиҳад «Арменпресс»  бо истинод ба ТАСС.

 

Март 17, 2020 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд