Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург бо намояндагони ҷамъияти тоҷикон вохӯриҳо доир намуд
ДУШАНБЕ, 05.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои аввали моҳи марти соли 2020 Консули генералии тозатаъйини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо роҳбарон ва фаъолони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон, ки барои иштирок дар интихоботи Парламенти ҷумҳурӣ ба Екатеринбург омада буданд, як силсила вохӯриҳо ва суҳбатҳо гузаронд.
Ҳамсуҳбатони дипломати тоҷик диаспораи тоҷиконро дар вилоятҳои Свердловск, Челябинск, Тюмен, Қурғон, ҳавзаҳои мухтори Ханти-Мансийск ва Ямалу Ненетск намояндагӣ мекунанд.
Дар вохӯриҳо ба ҷанбаҳои мубрами ҳаёт ва фаъолияти ҳамватанон дар ҳавзаи консулӣ дахл карда шуд.
Зикр карда шуд, ки Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург ва созмонҳои тоҷикон ҳамкории созандаро баҳри ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҳамватанон дар ҳавзаи консулӣ, вокуниши саривақтӣ ба дархостҳову ниёзҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, беҳтар намудани шароити будубош ва фаъолияти меҳнатии онҳо давом хоҳанд дод.
Дар ин замина таваҷҷуҳи хосса, аз ҷумла, ба мавзӯи омодагӣ ба таҷлили ҷашни байналмилалии “Наврӯз” ва идомаи кори Шӯрои ҷамъиятии машваратӣ дар назди Консулгарии генералӣ дода шуд.








Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-20262 иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид






