«MIR-24»: Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон бо cатҳи баланди иштироки шаҳрвандон баргузор гардид

Март 2, 2020 09:55

ДУШАНБЕ, 02.03.2020 /АМИТ Ховар/. Аллакай соати 15 ба вақти маҳаллӣ интихобот баргузоршуда эълон шуд. Иштироки овоздиҳандагон аз 75 фоиз гузашт. Дар ин бора дар гузориши мустақими телевизионӣ хабар доданд, изҳор намуд дирӯз шабакаи телевизионии «МИР-24».

Рақс ва палови хушбӯй. Фазои идона дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ба иштироки cатҳи баланди шаҳрвандон низ таъсир расонид. Натиҷаҳои пешакӣ 2 март эълон хоҳанд шуд. 1 март, то нимаи рӯз, беш аз 75% овоздиҳандагон дар интихобот иштирок намуданд, гузориш медиҳад Вера Исмоилова.

Қуттиҳои овоздиҳиро кушоданд ва ҳисоби овозҳо ҷараён дорад. Соати 20:00 бо вақти маҳаллӣ беш аз се ҳазор участкаҳои интихоботӣ баста шуданд. Нозирони байналмилалӣ аз ҳамаи онҳо дидан намуданд. Онҳо зикр намуданд: дар ҳама ҷо — фазои дӯстӣ ва оромӣ.

«Одатан, мардум соати 10-11 ба участкаҳои интихоботӣ меоянд. Нозирони мо ҳангоми ифтитоҳи участкаҳои интихоботӣ ҳузур доштанд ва аллакай соати 6 субҳ  мардуми зиёд  барои овоздиҳӣ дар навбат буданд. Ин аз фаъол будани шаҳрвандон  дарак медиҳад», — гуфт роҳбари Миссияи нозирони ИДМ Сергей Лебедев.

Аз субҳ дар саросари мамлакат  фазои идона ҳукмфармо буд. Одамон дар саҳни бинои участка ва ҳавзаҳои  интихоботӣ аз эҳсоси шодӣ рақс мекарданд.

Президенти мамлакат дар учаткаи овоздиҳии маҳалли зист овоз дод. Якҷоя бо дигар интихобкунандагон, ки дар ин соатҳои аввали овоздиҳӣ кам набуданд. Онҳоеро, ки бори аввал овоз медиҳанд, табрик намуда, ба онҳо гулҳо тақдим карданд.

«Ин бори аввал аст, ки ман дар чунин як рӯйдоди муҳими сиёсӣ- интихобот ширкат мекунам. Ба вакилони арзанда овоз додам. Хеле муҳим аст, ки дар маъракаи пешазинтихоботӣ ба сиёсати ҷавонон низ таваҷҷуҳ зоҳир шуд», — мегӯяд Фарангиси Тағоймурод.

Бобои Раҳмат 103-сола аст. Ӯ иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буда, худаш ба интихобот омад.

«Барои мо, интихобкунандагон, тамоми шароит фароҳам оварда шудаанд, то ба номзади арзанда овоз диҳем»,-мегӯяд собиқадор.

Онҳое, ки бо сабаби вазъи саломатӣ ба овоздиҳӣ омада натавонистанд, имкон доштанд дар хонаҳояшон овоз диҳанд.

Аллакай соати 15 ба вақти маҳаллӣ интихобот баргузоршуда дониста шуд.

Ба гуфтаи раиси КМИР, давоми рӯз ба Комиссия ягон шикоят ворид нагардид.

Март 2, 2020 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид