«MIR-24»: Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон бо cатҳи баланди иштироки шаҳрвандон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 02.03.2020 /АМИТ Ховар/. Аллакай соати 15 ба вақти маҳаллӣ интихобот баргузоршуда эълон шуд. Иштироки овоздиҳандагон аз 75 фоиз гузашт. Дар ин бора дар гузориши мустақими телевизионӣ хабар доданд, изҳор намуд дирӯз шабакаи телевизионии «МИР-24».
Рақс ва палови хушбӯй. Фазои идона дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ба иштироки cатҳи баланди шаҳрвандон низ таъсир расонид. Натиҷаҳои пешакӣ 2 март эълон хоҳанд шуд. 1 март, то нимаи рӯз, беш аз 75% овоздиҳандагон дар интихобот иштирок намуданд, гузориш медиҳад Вера Исмоилова.
Қуттиҳои овоздиҳиро кушоданд ва ҳисоби овозҳо ҷараён дорад. Соати 20:00 бо вақти маҳаллӣ беш аз се ҳазор участкаҳои интихоботӣ баста шуданд. Нозирони байналмилалӣ аз ҳамаи онҳо дидан намуданд. Онҳо зикр намуданд: дар ҳама ҷо — фазои дӯстӣ ва оромӣ.
«Одатан, мардум соати 10-11 ба участкаҳои интихоботӣ меоянд. Нозирони мо ҳангоми ифтитоҳи участкаҳои интихоботӣ ҳузур доштанд ва аллакай соати 6 субҳ мардуми зиёд барои овоздиҳӣ дар навбат буданд. Ин аз фаъол будани шаҳрвандон дарак медиҳад», — гуфт роҳбари Миссияи нозирони ИДМ Сергей Лебедев.
Аз субҳ дар саросари мамлакат фазои идона ҳукмфармо буд. Одамон дар саҳни бинои участка ва ҳавзаҳои интихоботӣ аз эҳсоси шодӣ рақс мекарданд.
Президенти мамлакат дар учаткаи овоздиҳии маҳалли зист овоз дод. Якҷоя бо дигар интихобкунандагон, ки дар ин соатҳои аввали овоздиҳӣ кам набуданд. Онҳоеро, ки бори аввал овоз медиҳанд, табрик намуда, ба онҳо гулҳо тақдим карданд.
«Ин бори аввал аст, ки ман дар чунин як рӯйдоди муҳими сиёсӣ- интихобот ширкат мекунам. Ба вакилони арзанда овоз додам. Хеле муҳим аст, ки дар маъракаи пешазинтихоботӣ ба сиёсати ҷавонон низ таваҷҷуҳ зоҳир шуд», — мегӯяд Фарангиси Тағоймурод.
Бобои Раҳмат 103-сола аст. Ӯ иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буда, худаш ба интихобот омад.
«Барои мо, интихобкунандагон, тамоми шароит фароҳам оварда шудаанд, то ба номзади арзанда овоз диҳем»,-мегӯяд собиқадор.
Онҳое, ки бо сабаби вазъи саломатӣ ба овоздиҳӣ омада натавонистанд, имкон доштанд дар хонаҳояшон овоз диҳанд.
Аллакай соати 15 ба вақти маҳаллӣ интихобот баргузоршуда дониста шуд.
Ба гуфтаи раиси КМИР, давоми рӯз ба Комиссия ягон шикоят ворид нагардид.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд






