Миссияи мушоҳидони СҲШ интихоботи дар Тоҷикистон баргузоршударо шаффоф, боэътимод ва демократӣ эътироф кард

Март 2, 2020 10:05

ДУШАНБЕ, 02.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Интихобот дар Тоҷикистон ба талаботи қонунгузории интихоботи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва уҳдадориҳои байналмилалии мамлакат мутобиқ буд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ роҳбари Миссияи мушоҳидони Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), муовини Дабири кулли СҲШ Нурлан Аккошкаров изҳор дошт.

Миссия вайронкунии меъёрҳои қонунгузории миллиро, ки қонунияти интихоботро зери шубҳа мебаранд, мушоҳида накард.

«Миссия интихоботи баргузоршударо шаффоф, боэътимод ва демократӣ эътироф менамояд. Миссия изҳор медорад, ки интихоби вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ гоми муҳим дар роҳи рушди минбаъдаи равандҳои демократӣ дар Тоҷикистон буд», — гуфт Нурлан Аккошкаров.

Давоми фаъолияташон аъзои Миссияи мушоҳидони СҲШ аз 314 участкаҳои интихоботӣ ва инчунин аз мақомоти интихоботии минтақавӣ ва ноҳиявии Тоҷикистон дидан намуданд.

Тибқи натиҷаҳои мушоҳидаҳо, аъзои Миссия иштироки фаъолонаи интихобкунандагон, аз ҷумла ҷавононро мушоҳида карданд. Аъзои комиссияҳои интихоботӣ барои татбиқи тартиби овоздиҳӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда буданд.

Миссия бо роҳбарони Вазорати корҳои хориҷӣ ва Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо раисон, котибҳо ва аъзои комиссияҳои шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва участкавии интихоботӣ, интихобкунандагон, нозирони маҳаллӣ, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва ВАО як зумра вохӯриву суҳбатҳо анҷом дод.

Миссияи мушоҳидони СҲШ бо даъвати Вазорати корҳои хориҷӣ аз 27 феврал то 1 март дар Тоҷикистон қарор дошт. Ин аллакай 52-юмин Миссия оид ба мушоҳидаи омодагӣ ва баргузории интихобот ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Миссияи СҲШ даъвати мушоҳидони байналмилалиро ҳамчун талоши роҳбарияти Тоҷикистон ҷиҳати таъмини интихоботи ҳадди аксар ошкоро, шаффоф ва демократӣ арзёбӣ менамояд.

Ёдовар мешавем, ки 1 март дар Тоҷикистон интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор шуд.

Март 2, 2020 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид