Миёни кормандони қароргоҳи СММ аввалин ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус тасдиқ гардид

Март 13, 2020 11:21

ДУШАНБЕ, 13.03.2020 / АМИТ «Ховар»/.  Ҳолати нахустини сироятёбӣ аз коронавирус дар як  корманди қароргоҳи СММ аз Филиппин тасдиқ шудааст, хабар медиҳад «РИА Новости»  бо сарчашма аз ташкилоти болозикр,  иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Гуфта мешавад, ки то ҳол дар дафтари Дабири кулл мегуфтанд, ки дар бораи гирифторшавии командони СММ ба коронавирус  нашунидаанд.

Тибқи хабари  манбаъ, Намояндагии доимии Филиппин номаеро паҳн намуд, ки дар он гуфта шудааст: «Имрӯз далели бемории COVID-19 дар як корманди миссияи Филиппин тасдиқ гардид».

«Бори охир ӯ рӯзи душанбе ба СММ омада, дар қароргоҳ тахминан 30 дақиқа- аз соати 12.50 то 1.20 ҳузур дошт»,- гуфт ҳамсуҳбат ба агентӣ.

Ба гуфти ӯ, Намояндагии доимии Филиппин баста шуда, тамоми кормандон бо карантини ихтиёрӣ фаро гирифта шудаанд.

Акс: РИА Новости

Март 13, 2020 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд