Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Ҳамоҳангсози доимии навтаъйини СММ дар Тоҷикистон

Март 14, 2020 09:00

ДУШАНБЕ, 14.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. 13 март Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Ҳамоҳангсози доимии навтаъйини Созмони Милали Муттаҳид хонум Сезин Синаноғлуро ба ҳузур пазируфт.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва СММ, татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, таҳкими фаъолияти ниҳодҳои СММ дар Тоҷикистон дар асоси ислоҳоти фарогири низоми рушди устувор ва баргузории  Конфронси навбатии байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: «Об барои рушди устувор, 2018-2028» (Душанбе, 18-22 июни соли 2020)-ро баррасӣ намуданд.

Инчунин роҷеъ ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об, татбиқи барнома ва лоиҳаҳои СММ дар Тоҷикистон ва дурнамои рушди ҳамкорӣ бо ниҳодҳои СММ табодули назар сурат гирифт.

Дар фарҷоми мулоқот Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сезин Синаноғлу дар фаъолияти касбиаш дар давлати мо муваффақият орзу намуд.

Акс аз ВКХ ҶТ

Март 14, 2020 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд