Муовини Сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Поскал Лоро мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 05.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе мулоқоти муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Намояндаи хоси Вазири Аврупо ва мушовири махсуси Президенти Ҷумҳурии Франсия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ Поскал Лоро ва сафири ин кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар баргузор гардид.
Зимни мулоқот муовини Сарвазири мамлакат таваҷҷуҳи мушовири махсуси Президенти Ҷумҳурии Франсияро вобаста ба ҷалби сармояи он кишвар ба якчанд самтҳои иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла рушди соҳаи сайёҳӣ ҷалб намуд. Тавре зикр гардид, бо назардошти он ки 93 % ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро куҳҳо ташкил медиҳанд, ҷалби ширкати фаронсавии “Claster mountain”, ки таҷрибаи калони ташкили инфрасохторро дар шароити кӯҳистон дорад, муофиқи мақсади умумии ҷонибҳо мебошад. Ҷониби Франсия бо камоли майл ҳавасмандии худро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои минбаъдаи субъектҳои дар ин самт фаъолияткунанда баён дошт.
Азим Иброҳим изҳор намуд, ки айни замон даҳҳо ширкати фаронсавӣ дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд ва сатҳи имрӯзаи ҷалби сармояи Франсия ба иқтисодиёти Тоҷикистон ба талабот ва имкониятҳои ҷонибҳо ҷавобгӯй намебошад ва мо вазифадор мебошем, ки дар ин самт имкониятҳоро бештар истифода намоем.
Поскал Лоро аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, зикр намуд, ки устувории қонунҳои амалкунанда ва кодекси андози таъминкунандаи суботи фазои сармоягузорӣ метавонад заминаи хуб ва кафолат барои ҷалби бештари сармоягузорон гардад.
Зимни табодули афкор пешниҳоди муовини Сарвазир оид ба баррасии имкониятҳои ҳамкорӣ дар самтҳои саноати сабук (нассоҷӣ ва пояфзолдузӣ аз ашёи хоми ватанӣ), саноати хӯрокворӣ ва нафту газ аз ҷониби мушовири Президенти Ҷумҳурии Франсия пазируфта шуд ва тазаккур дода шуд, ки ин имкониятҳо барои самаранок ҷалб намудани сармоягузорони фаронсавӣ заминаи воқеӣ мегузорад.
Ҳамзамон ҷониби Франсия бо мақсади ҷалби бештари сармоягузорон ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаҳои афзалиятноки таҳиягардида изҳори хоҳиши ҳамкории зичтар бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон намуд.








Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид






