«ҶОМИ ПОЙТАХТ». Барои дарёфти он дар Душанбе Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд баргузор мегардад

Март 9, 2020 10:12

ДУШАНБЕ, 09.03.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Аз 13 март то 17 апрел дар майдончаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд байни кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми пойтахт» баргузор карда мешавад. Бо ин мақсад   яксаду бисту ҳаштҳазору ҳашсад сомонӣ ҷудо мегардад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ “Ховар” хабар доданд,  Рустами Эмомалӣ   бо қарори мазкур  ба   ин иқдом  бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ, ғоявию бадеӣ  таҷлил намудани Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе, ташвиқу тарғиб ва  рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ роҳандозӣ мегардад.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзи пойтахт, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ҳамасола шанбеи сеюми  моҳи апрел дар чор ноҳияи шаҳр,  аз ҷумла боғҳои фарҳангию фароғатии Душанбе бо баргузории базмҳои идона, нишасту ҷамъомадҳо ва дигар чорабиниҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ таҷлил мегардад.

Хотиррасон мешавем, ки  ҳамасола  дар арафаи таҷлили  Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон –шаҳри Душанбе  ва бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилию ғоявӣ баргузор гардидани он  як  зумра  барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ва варзишӣ  баргузор мешаванд.

Аз ҷумла,    озмунҳои соҳавӣ дар пойтахт- «Табиби беҳтарини сол», «Муассисаи беҳтарини сол»,   «Омӯзгори сол», «Мураббии сол», «Хонандаи сол», «Беҳтарин муассисаи таълимӣ дар самти корҳои ободонӣ», «Нозири беҳтарини сол» ва ғайраҳо  ҷамъбаст гардида, ғолибони озмунҳои  мазкур дар ҷамъомади тантанавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.

Март 9, 2020 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад