«ҶОМИ ПОЙТАХТ». Барои дарёфти он дар Душанбе Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 09.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз 13 март то 17 апрел дар майдончаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд байни кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми пойтахт» баргузор карда мешавад. Бо ин мақсад яксаду бисту ҳаштҳазору ҳашсад сомонӣ ҷудо мегардад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, Рустами Эмомалӣ бо қарори мазкур ба ин иқдом бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ, ғоявию бадеӣ таҷлил намудани Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе, ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ роҳандозӣ мегардад.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзи пойтахт, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел дар чор ноҳияи шаҳр, аз ҷумла боғҳои фарҳангию фароғатии Душанбе бо баргузории базмҳои идона, нишасту ҷамъомадҳо ва дигар чорабиниҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ таҷлил мегардад.
Хотиррасон мешавем, ки ҳамасола дар арафаи таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон –шаҳри Душанбе ва бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилию ғоявӣ баргузор гардидани он як зумра барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ва варзишӣ баргузор мешаванд.
Аз ҷумла, озмунҳои соҳавӣ дар пойтахт- «Табиби беҳтарини сол», «Муассисаи беҳтарини сол», «Омӯзгори сол», «Мураббии сол», «Хонандаи сол», «Беҳтарин муассисаи таълимӣ дар самти корҳои ободонӣ», «Нозири беҳтарини сол» ва ғайраҳо ҷамъбаст гардида, ғолибони озмунҳои мазкур дар ҷамъомади тантанавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






