Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор мақомоти давлатӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
ДУШАНБЕ, 06.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки дар мақомоти Прокуратураи генералӣ, Шӯрои амният, Вазорати мудофиа, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, сохторҳои Вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳал таъин гариданд, мулоқот намуданд.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, Маҳмудзода Насрулло, ки то имрӯз дар вазифаи Прокурори вилояти Хатлон фаъолият дошт, Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Раиси ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Чошбаев Мурзабай бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар хизмати давлатӣ будан аз вазифа озод ва муовини раиси ҳамин ноҳия Раҷабзода Ҳусния раиси ноҳияи Мурғоб таъин гардида, Мурзамат Абдулқаюм дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Раиси ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардиданд.
Саидзода Шоҳин директори Агентии назорат дар соҳаи маорифи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Идизода Файзалӣ сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.
Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон муовини вазири рушди иқтисод ва савдо, Бобозода Хисрав – муовини вазири мудофиа, Хоҷазода Тоҳир ректори Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон, Азиззода Ҳафиз — сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ва Абдуллозода Умеда муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Прокуророни вилоятҳои Хатлону Суғд, роҳбарони воҳидҳои сохтории Вазорати мудофиа, сардорони раёсатҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилояти Суғд ва роҳбарони якчанд сохторҳои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз ҳисоби ҷавонони соҳибтаҷрибаву кордон таъин гардиданд.
Пешвои миллат зимни сӯҳбат кадрҳои ба вазифаҳои масъули давлатӣ таъингардидаро ба хизмати содиқона ба нафъи халқу Ватан ва давлати Тоҷикистон даъват намуда, таъкид карданд, ки ҳар як хизматчии давлатӣ ва низомӣ бояд аз ҳарвақта дида ҷиддитару бомасъулият ба кор муносибат намуда, дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва ӯҳдадориҳои ҳарбӣ нисбати зердастон серталаб бошанд.
«Вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, дар робита ба он, ки ҳар рӯз таҳдиду хатарҳои гуногун, аз қабили экстремизм, терроризми байналмилалӣ ва дар шаклу усулҳои гуногун зуҳур кардани амалҳои зиддиинсонӣ, зиддибашарӣ ва халалдоркунандаи амнияту суботи мардум аз ҳар як фарди худогоҳу худшинос ҳушёриву зиракӣ ва самимияту садоқати бемисл ба Модар-Ватан, сарзамини муқаддаси Тоҷикистон ва мардуми шарифи он талаб карда мешавад», — иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми мулоқот.









Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Муҷассамаи «Истиқлолият ва башардӯстӣ»-и Ҷумҳурии Узбекистон гулчанбар гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон шуданд






